https://sputnik.tj/20260427/tajovuz-nomusu-kushtor-ghoratgari-ziyod-jinoyatkori-tojiktiston-1077101598.html
Таҷовуз ба номусу куштор каму ғоратгарӣ зиёд: Эълони мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷиктистон
Таҷовуз ба номусу куштор каму ғоратгарӣ зиёд: Эълони мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷиктистон
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттило агентии омори Тоҷикистон ҷиноятҳои содиршуда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кам ва дар вилояти Суғду Хатлон зиёд шудааст
2026-04-27T13:15+0500
2026-04-27T13:15+0500
2026-04-27T13:19+0500
сатҳи ҷинояткорӣ
дар тоҷикистон
ҷинояткор
вкд
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/31/1023723168_0:309:2964:1976_1920x0_80_0_0_643e18e079fb7cf3b1463a1e30e78479.jpg
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ – марти соли равон 6336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 5573 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Прокуратура ба қайд гирифтаанд ки 88% шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад.Дар ин бора Агентии омори Тоыикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 763 ҷиноят ё 12% шумораи умумии ҷиноятро ба қайд гирифтаанд.Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ - марти соли 2026 шумори ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар шаҳри Душанбе 8,2%, ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,4%, кам шуда, дар вилояти Суғд 0,3% ва дар вилояти Хатлон 5,5% зиёд шудааст.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ - марти соли равон 1415 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 12,8% кам шудааст.Дар ҳамин ҳол ба иттилои омори Агентӣ, нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои ғоратгарӣ 26,1%, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36,6% ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5% зиёд шудааст.Дар давраи ҳисобот 837 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 3,7% кам шудааст) ба қайд гирифта шудааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ 355 ҷиноятро ошкор кардаанд, аз рўи 343 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.Инчунин дар моҳҳои январ - марти соли равон 117 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳ, ки оқибат бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд ба қайд гирифта шуданд (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3% кам шудааст).Зикр гардидааст, ки ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ - марти соли 2026-ум 57,7%-ро ташкил кардааст, дар моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 56,7% буд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/53084
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102372/31/1023723168_164:0:2799:1976_1920x0_80_0_0_b1c6253be2662b544e901361412efd34.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сатҳи ҷинояткорӣ, дар тоҷикистон, ҷинояткор, вкд, омор
сатҳи ҷинояткорӣ, дар тоҷикистон, ҷинояткор, вкд, омор
Таҷовуз ба номусу куштор каму ғоратгарӣ зиёд: Эълони мизони ҷинояткорӣ дар Тоҷиктистон
13:15 27.04.2026 (Навсозишуда: 13:19 27.04.2026) Ба иттило агентии омори Тоҷикистон ҷиноятҳои содиршуда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кам ва дар вилояти Суғду Хатлон зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар моҳҳои январ – марти соли равон 6336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, аз он ҷумла 5573 ҷиноятро Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Прокуратура ба қайд гирифтаанд ки 88% шумораи умумии ҷиноятҳои ба қайд гирифташударо ташкил медиҳад.
Дар ин бора Агентии омори Тоыикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 763 ҷиноят ё 12% шумораи умумии ҷиноятро ба қайд гирифтаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ - марти соли 2026 шумори ҷиноятҳои бақайдгирифташуда дар шаҳри Душанбе 8,2%, ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,4%, кам шуда, дар вилояти Суғд 0,3% ва дар вилояти Хатлон 5,5% зиёд шудааст.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар моҳҳои январ - марти соли равон 1415 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 12,8% кам шудааст.
“Нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои куштор ва сўиқасд ба он 51,7%, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32,3%, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18,2%, дуздӣ 3,9%, қаллобӣ 4,5% ва авбошӣ 3,3% кам шудааст”, - хабар додааст Агентии омори кишвар.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои омори Агентӣ, нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025 бақайдгирии ҳодисаҳои ғоратгарӣ 26,1%, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36,6% ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5% зиёд шудааст.
Дар давраи ҳисобот 837 ҷинояти иқтисодӣ (нисбат ба моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 3,7% кам шудааст) ба қайд гирифта шудааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ 355 ҷиноятро ошкор кардаанд, аз рўи 343 ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Инчунин дар моҳҳои январ - марти соли равон 117 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳ, ки оқибат бо ҷароҳати сахт ва марги ҷабрдида анҷомидаанд ба қайд гирифта шуданд (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3% кам шудааст).
Зикр гардидааст, ки ошкоркунии умумии ҷиноятҳо дар моҳҳои январ - марти соли 2026-ум 57,7%-ро ташкил кардааст, дар моҳҳои январ - марти соли 2025-ум 56,7% буд.