https://sputnik.tj/20260608/volodin-zelenskiy-digar-faqat-nomaho-khohad-navisht-1078155508.html
Володин: Зеленский дигар фақат номаҳо хоҳад навишт
Володин: Зеленский дигар фақат номаҳо хоҳад навишт
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари режими террористии Киев президенти ғайриқонунӣ аст, бовар дорад вакили парлумон
2026-06-08T15:14+0500
2026-06-08T15:14+0500
2026-06-08T17:13+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
вячеслав володин
русия
украина
владимир зеленский
сиёсат
путин
нома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/17/1074067065_0:0:2770:1558_1920x0_80_0_0_9d98fe6ce9a9303de563f8782350c113.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳор дошт, ки раҳбари режими террористии Киев президенти ғайриқонунӣ аст ва барояш фақат имкони номанависӣ дода шудааст.Ӯ ин андешаро ҳангоми шарҳ додани номаи қаблан нашршудаи раҳбари режими Киев ба президенти Русия Владимир Путин барои баргузор кардани мулоқот дар кишвари сеюм ва хотима додан ба низоъ изҳор дошт."Зеленский президенти ғайриқонунӣ аст. Ва он далел, ки ӯ номаҳо менависад, эҳтимол ягона чизест, ки ба иҷозат дода шудааст", - гуфт Володин ба ИС "Вести" Павел Зарубин.Ӯ афзуд, ки Зеленский террористе мебошад, ки режими фашистии Киевро роҳбарӣ мекунад.Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мегузаронад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".Дар ҳамин ҳол Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор кардааст, аммо Киев манъи қонунгузории музокиротро ҷорӣ кардааст
https://sputnik.tj/20260607/ima-oshkor-zelenskiy-asl-putin-noma-navisht-1078128745.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0c/17/1074067065_41:0:2770:2047_1920x0_80_0_0_c92788e5b0a169a936eae4714e4b00bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вячеслав володин, русия, украина, владимир зеленский, сиёсат , путин, нома
вячеслав володин, русия, украина, владимир зеленский, сиёсат , путин, нома
Володин: Зеленский дигар фақат номаҳо хоҳад навишт
15:14 08.06.2026 (Навсозишуда: 17:13 08.06.2026) Раҳбари режими террористии Киев президенти ғайриқонунӣ аст, бовар дорад вакили парлумон
ДУШАНБЕ, 8 июн – Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин изҳор дошт, ки раҳбари режими террористии Киев президенти ғайриқонунӣ аст ва барояш фақат имкони номанависӣ дода шудааст.
Ӯ ин андешаро ҳангоми шарҳ додани номаи қаблан нашршудаи раҳбари режими Киев ба президенти Русия Владимир Путин барои баргузор кардани мулоқот дар кишвари сеюм ва хотима додан ба низоъ изҳор дошт.
"Зеленский президенти ғайриқонунӣ аст. Ва он далел, ки ӯ номаҳо менависад, эҳтимол ягона чизест, ки ба иҷозат дода шудааст", - гуфт Володин ба ИС "Вести" Павел Зарубин.
Ӯ афзуд, ки Зеленский террористе мебошад, ки режими фашистии Киевро роҳбарӣ мекунад.
"Он воқеае, ки дар Старобелск рӯй дод, он чизе, ки бо автобус бо шаҳрвандони осоиша рӯх дод, дар хотирҳо мондааст... Ҳоло ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина ба қаламрави Аврупо ҳам парвоз мекунанд", - таъкид кард раиси Думаи давлатӣ.
Ёдовар мешавем, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мегузаронад. Президенти Русия Владимир Путин рисолати онро "ҳимояи одамоне, ки ҳашт сол боз аз ҷониби режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озод кардани Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои Ғарб расман даст доштани худро дар низоъ дар Украина рад мекунанд, аммо ба Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина силоҳ медиҳанд.
Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли силоҳ, ки барои Украина пешбинӣ шудааст, ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд. Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо таъмини силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд".
Дар ҳамин ҳол Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор кардааст, аммо Киев манъи қонунгузории музокиротро ҷорӣ кардааст