Эрон бовар дорад, ки шиддати танишҳо бо Исроил ба музокирот бо ИМА кумак намекунад - ВКХ

Здание МИД Ирана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2026
Обуна шудан
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кард, ки музокирот байни Эрон ва ИМА идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар Эрон бовар дорад, ки шиддат гирифтани танишҳо бо Исроил ба раванди музокирот байни Теҳрон ва Вашингтон кумак намекунад.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, Исмоил Бақоӣ изҳор дошт, хабар медиҳад, РИА "Новости".
Аммо, гуфтушунидҳо идома доранд, афзуд ӯ.
"Масъалаи дороиҳои масдудшудаи Эрон яке аз унсурҳои ҳама гуна ёддошт аст, ки раванди музокирот барои он идома дорад. Ва мо дар ин масъала гузашт карданӣ нестем", - таъкид кард сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон.
Шоми 7 июн Эрон ба шимоли Исроил якчанд мушак партоб кард. Ин ҳамла чанд соат пас аз он рух дод, ки Эрон эълон кард, ки барои ҳамлаи ахири Исроил ба канори шаҳри Бейрут посух хоҳад дод.
Нерӯҳои дифоъи Исроил баъдтар дар бораи ҳамлаҳо ба ҳадафҳои низомӣ дар марказ ва ғарби Эрон хабар доданд.
Израильские поселенцы стоят рядом с частью ракеты, торчащей из земли после ударов Ирана, в центральной части оккупированного Израилем Западного берега, 8 июня 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2026
Эрон ва Исроил ба ҳамдигар ҳамла карданд
Эрон бо идома додани мушакандозӣ ба қаламрави Исроил посух дод.
"Рӯйдодҳои 24 соати охир раванди дипломатиро бо Иёлоти Муттаҳида боз ҳам бетартибтар мекунанд",- гуфт Бақоӣ.
Ӯ афзуд, ки амалҳои Исроил дар Ховари Миёна аз сиёсати ИМА дар минтақа ҷудо карда намешаванд; Вашингтон барои он чизе, ки рӯй дод, мустақиман масъул аст.
Лентаи хабарҳо
0