https://sputnik.tj/20260607/tojikiston-istehsol-mahsulot-kishovarzi-rushd-1078131853.html
Арзонӣ мешавад? Тоҷикистон кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бештар мекунад
Арзонӣ мешавад? Тоҷикистон кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бештар мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Айни замон беш аз 1000 гармхона барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ ба таври доимӣ фаъолият мекунанд
2026-06-07T16:15+0500
2026-06-07T16:15+0500
2026-06-07T16:15+0500
дар тоҷикистон
кишоварзӣ
сабзавот
вазорати кишоварзӣ
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102699/72/1026997240_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_3b91c372dc4e799513e6a0b0899cb3ba.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар дод. Қайд карда мешавад, ки айни замон кишти сабзавот дар масоҳати бешаз 40 ҳазор гектар сурат мегирад. аз он пиёз 13342 гектар, сабзӣ 5140 гектар, карам 2097 гектар, помидор 8106 гектар, бодиринг 4059 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7522 гектар)Кишти помидор дар маҷмӯъ 8106 гектар ва майдонҳои бодиринг 4059 гектарро ишғол мекунанд. Вазорат таъкид кард, ки ҳамчунин 13342 гектар пиёз, сабзӣ 5140, карам 2097 ва дигар сабзавотҳо дар майдони 7522 гектар кишт шудаанд. Маҳсулоти полезӣ низ фаровон хоҳад шуд, зеро кишт дар 17288 гектар сурат гиритааст.Таваҷҷуҳ ба кишти картошка низ дар кишвар махсус буда, он дар масоҳати 36171 гектар кишт шудааст.Гуфта мешавад, ки фаъолияти гармхонаҳо низ дар ҷумҳурӣ муназзам буда, айни замон дар кишвар беш аз 1000 гармхона барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мекунанд ва бахши истеъмолиро бо сабзавоти тару тоза бомуваффақият таъмин мекунанд. Қайд карда мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 3000 тонна сабзавот, аз ҷумла тақрибан 1100 тонна помидор ва 699 тонна бодиринг ҷамъоварӣ шудааст.Таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин бахш, чораҳои заруриро барои густариши истеҳсолот андешида истодааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо риояи ҳамаи меъёрҳои кишоварзӣ, дар беш аз 182 000 гектар заминҳои кишвар пахта кошта шудааст.
https://sputnik.tj/20260607/sodirot-mahsulot-kishovarzi-tojikiston-rusiya-afzoish-1078082431.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102699/72/1026997240_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_d3b5f9ed6ff9e78cd1a3ffa774a18773.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, сабзавот, вазорати кишоварзӣ, маҳсулот
дар тоҷикистон, кишоварзӣ, сабзавот, вазорати кишоварзӣ, маҳсулот
Арзонӣ мешавад? Тоҷикистон кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бештар мекунад
Айни замон беш аз 1000 гармхона барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ ба таври доимӣ фаъолият мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки айни замон кишти сабзавот дар масоҳати бешаз 40 ҳазор гектар сурат мегирад.
аз он пиёз 13342 гектар, сабзӣ 5140 гектар, карам 2097 гектар, помидор 8106 гектар, бодиринг 4059 гектар, дигар сабзавотҳо дар майдони 7522 гектар)
Кишти помидор дар маҷмӯъ 8106 гектар ва майдонҳои бодиринг 4059 гектарро ишғол мекунанд.
Вазорат таъкид кард, ки ҳамчунин 13342 гектар пиёз, сабзӣ 5140, карам 2097 ва дигар сабзавотҳо дар майдони 7522 гектар кишт шудаанд. Маҳсулоти полезӣ низ фаровон хоҳад шуд, зеро кишт дар 17288 гектар сурат гиритааст.
Таваҷҷуҳ ба кишти картошка низ дар кишвар махсус буда, он дар масоҳати 36171 гектар кишт шудааст.
Гуфта мешавад, ки фаъолияти гармхонаҳо низ дар ҷумҳурӣ муназзам буда, айни замон дар кишвар беш аз 1000 гармхона барои қонеъ кардани талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият мекунанд ва бахши истеъмолиро бо сабзавоти тару тоза бомуваффақият таъмин мекунанд.
Қайд карда мешавад, ки аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 3000 тонна сабзавот, аз ҷумла тақрибан 1100 тонна помидор ва 699 тонна бодиринг ҷамъоварӣ шудааст.
Таъкид мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин бахш, чораҳои заруриро барои густариши истеҳсолот андешида истодааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бо риояи ҳамаи меъёрҳои кишоварзӣ, дар беш аз 182 000 гектар заминҳои кишвар пахта кошта шудааст.