https://sputnik.tj/20260607/sodirot-mahsulot-kishovarzi-tojikiston-rusiya-afzoish-1078082431.html
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Sputnik Тоҷикистон
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия метавонад 10% афзоиш ёбад.
2026-06-07T10:25+0500
2026-06-07T10:25+0500
2026-06-07T10:25+0500
содирот
дар тоҷикистон
русия
кишоварзӣ
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/07/1069803782_0:155:2000:1280_1920x0_80_0_0_fd3bf326c41b1358a81963190fd92e55.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия метавонад 10% афзоиш ёбад.Дар ин бора, вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт.Соли 2025 гардиши мол миёни ду кишвар 25% ва дар семоҳаи аввали соли 2026 боз 27% афзоиш ёфтааст, изҳор дошт вазири рушди иқтисоди Русия дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург. Ӯ қайд кард, ки ин афзоиш тавассути корхонаи муштараки "Тоҷросэкспорт" ва шартномаҳо бо ҳафт таъминкунандаи маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилояти Суғд, то 10 -уми май аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон, дар маҷмӯъ 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос содир шудааст.Дар баробари ин, ахиран Тоҷикистон тарҳи таъсиси порки муштараки саноатии Тоҷикистон ва Русияро тасдиқ кард.Ин лоиҳа барои рушди бахши саноатии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва беҳтар кардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.Лоиҳа баробар аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия маблағгузорӣ мешавад, гарчанде ки арзиши мушаххаси сохтмон ошкор нашудааст.Таъкид мешавад, ки ҷониби Русия 500 млн рубл саҳм мегузорад, ки ин маблағ барои барқарорсозӣ ва навсозии инфрасохтори парки оянда истифода мешавад. Макони интихобшуда барои парки нави технологӣ корхонаи воҳиди давлатии "Корхонаи мошинсозӣ" (қаблан бо номи "Тоҷиктекстильмаш" маъруф буд) мебошад, ки масоҳати 9,3 гектарро ташкил медиҳад.Дар ин ҷо се бино бо масоҳати умумии 45 ҳаз. метри мураббаъ бояд аз нав сохта шаванд. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсиси боғи саноатӣ дар Душанбе моҳи марти соли 2025 зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20260605/parlumon-tasis-park-mushtarak-sanoati-tojikiston-rusiya-1078064288.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/08/07/1069803782_0:0:1777:1333_1920x0_80_0_0_83c228f9a383cf6b67167a5339da4502.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
содирот, дар тоҷикистон, русия, кишоварзӣ, маҳсулот
содирот, дар тоҷикистон, русия, кишоварзӣ, маҳсулот
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш меёбад
Гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Русия дар соли 2025 - 25% боло рафт
ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия метавонад 10% афзоиш ёбад.
Дар ин бора, вазири рушди иқтисоди Русия Максим Решетников гуфт.
Соли 2025 гардиши мол миёни ду кишвар 25% ва дар семоҳаи аввали соли 2026 боз 27% афзоиш ёфтааст, изҳор дошт вазири рушди иқтисоди Русия дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Ӯ қайд кард, ки ин афзоиш тавассути корхонаи муштараки "Тоҷросэкспорт" ва шартномаҳо бо ҳафт таъминкунандаи маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои раёсати кишоварзии вилояти Суғд, то 10 -уми май аз Тоҷикистон ба Русия ва Қазоқистон, дар маҷмӯъ 78 тонна зардолу ва 10 тонна гелос содир шудааст.
Дар баробари ин, ахиран Тоҷикистон тарҳи таъсиси порки муштараки саноатии Тоҷикистон ва Русияро тасдиқ кард.
Ин лоиҳа барои рушди бахши саноатии кишвар, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва беҳтар кардани шароит барои ҷалби сармоягузорӣ амалӣ карда мешавад.
Лоиҳа баробар аз ҷониби Тоҷикистон ва Русия маблағгузорӣ мешавад, гарчанде ки арзиши мушаххаси сохтмон ошкор нашудааст.
Таъкид мешавад, ки ҷониби Русия 500 млн рубл саҳм мегузорад, ки ин маблағ барои барқарорсозӣ ва навсозии инфрасохтори парки оянда истифода мешавад. Макони интихобшуда барои парки нави технологӣ корхонаи воҳиди давлатии "Корхонаи мошинсозӣ" (қаблан бо номи "Тоҷиктекстильмаш" маъруф буд) мебошад, ки масоҳати 9,3 гектарро ташкил медиҳад.
Дар ин ҷо се бино бо масоҳати умумии 45 ҳаз. метри мураббаъ бояд аз нав сохта шаванд. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи таъсиси боғи саноатӣ дар Душанбе моҳи марти соли 2025 зимни сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав ба имзо расид.