Риттер гуфт, кай низоъ дар Украина хотима меёбад

© REUTERS /Gleb Garanich
Обуна шудан
Риттер: Низоъ дар Украина замоне хотима меёбад, ки ҳокимонаш тасмим мегиранд, ки ба он хотима диҳанд
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Муноқиша дар Украина замоне хотима меёбад, ки соҳибонаш қарор диҳанд, ки ба он хотима бахшанд.
Дар ин бора, Скотт Риттер, собиқ афсари иктишофии ИМА, ба РИА Новости гуфт
"Украина як намоянда аст. Ҷанг замоне хотима меёбад, ки соҳибони Украина қарор медиҳанд, ки онро хотима диҳанд. Украина чораи дигаре надорад",- гуфт Риттер дар ҳошияи Форуми Санкт-Тетербург -2016.
Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 3 то 6 июн баргузор мешавад.
Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.