Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

ВАО: ИА бекор кардани мақоми паноҳандагӣ барои украиниҳои синни хидматро баррасӣ мекунад

© AP / Efrem LukatskyСотрудники Агентства ООН по делам беженцев регистрируют беженцев из Донецкой области, Украина, 12 декабря 2024 года.
Сотрудники Агентства ООН по делам беженцев регистрируют беженцев из Донецкой области, Украина, 12 декабря 2024 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.06.2026
Обуна шудан
Аврупо метавонад дастрасиро ба ҳимояи муваққатӣ барои мардони украинии синни хидмати ҳарбӣ, маҳдуд кунад
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Иттиҳоди Аврупо имконияти маҳдуд кардани дастрасӣ ба ҳимояи муваққатии мардони украинӣ, ки ба синни хидмати ҳарбӣ расидаанд, баррасӣ мекунад.
Дар ин бора, Politico бо истинод ба дипломатҳои аврупоӣ хабар дод.
Ба гуфтаи нашрия, масъалаи низоми ҳимояи муваққатии оянда барои беш аз чор млн паноҳандаи украинӣ аз ҷониби намояндагони доимии кишварҳои ИА баррасӣ мешавад.
Якчанд дипломатҳои аврупоӣ ба Politico гуфтанд, ки яке аз ғояҳои мавриди баррасӣ маҳдуд кардани дастрасӣ ба ҳимояи муваққатии мардони украинӣ дар синни низомӣ мебошад.
Як манбаи дипломатӣ изҳор дошт, ки "ҳанӯз дар бораи қабули эҳтимолии чунин қарорҳо сӯҳбат кардан барвақт аст ва интизори арзёбии Комиссияи Аврупо зарур аст".
Нашрия менависад, ки баъзе дипломатҳои аврупоӣ бовар доранд, ки ин ташаббус метавонад бо норасоии низомӣ дар Украина алоқаманд бошад.
Дар айни замон, шаҳрвандони Украина аз ҳимояи муваққатӣ дар ИА бархӯрдоранд, ки ба онҳо ҳуқуқи зиндагӣ, кор ва таҳсил дар кишварҳои ИА медиҳад.
Ин механизм бори охир дар моҳи июни соли 2025 тамдид шуда буд ва мӯҳлати кунунии он то моҳи марти соли 2027 мебошад.
Мужчина размахивает украинским и польским флагами в Варшаве, Польша. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Муроҷиати мақомдорони Лаҳистон ба украиниҳо: Набиёед
Тибқи иттилои Politico, рӯзи чоршанбе дар ин масъала ягон қарор қабул кардан интизор нест. Дипломатҳо ба нашрия гуфтанд, ки вазирони ИА дар рӯзҳои наздик танҳо ба Комиссияи Аврупо роҳнамоии сиёсӣ хоҳанд дод, ки пешниҳодҳоро барои ояндаи механизми муҳофизати муваққатӣ омода мекунад.
Интизор меравад, ки Комиссияи Аврупо пешниҳодҳои худро дар ҳафтаҳои оянда ироа кунад.
Лентаи хабарҳо
0