Дар Тоҷикистон дар майдони беш аз 180 ҳазор гектар пунбадона кишт шуд

CC BY 2.0 / Kimberly Vardeman / Cotton HarvestХлопок, архивное фото
Хлопок, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2026
Обуна шудан
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Деҳқонони шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон дар майдони беш вз 182 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд.
Аз ин майдон, 147 ҳазору 410 гектар пурра инкишоф ёфтааст, хабар медиҳад, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки дар айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ дар тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ риояи қоидаҳои агротехникӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ, дар ин давра ба ниҳолҳои пахта бояд нуриҳои минералӣ ва обмонӣ гузаронида шавад. Зеро риояи саривақтии қоидаҳои агротехникӣ боиси ҳосили фаровон мегардад.
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калидӣ дорад.
Сбор хлопка в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2026
Маълум шуд, ки дар Тоҷикистон чӣ қадар пахта корида мешавад
Пахта маҳсулоти асосии содиротии давлат ба шумор меравад, ки сол то сол арзиши аслии он дар бозори ҷаҳонӣ тамоюли болоравӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0