Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Дар ИМА дар бораи музокироти Русия ва Украина гуфтанд

© REUTERS /StringerРакетный удар по Киеву. Архивное фото
Ракетный удар по Киеву. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2026
Обуна шудан
ИМА бар ин назар аст, ки идомаи ҳамлаҳои ҷавобии Русия ба Киев, ки дар он афсарони НАТО метавонанд осеб бинанд, метавонад боиси сар задани ҷанг байни ин паймон ва Русия гардад
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Вашингтон бояд музокиротро бо Маскав барои ҳалли низои Украина аз сар гирад.
Дар ин бора, рӯзномаи "The American Conservative" навиштааст.
"Кори оқилона мебуд, агар Иёлоти Муттаҳида, Украина ва кишварҳои Балтикаро водор кунад, ки аз партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакӣ аз қаламрави НАТО пешгирӣ кунанд ва ҳарчи зудтар ба музокироти ҷиддии сулҳ баргарданд", - навиштааст муаллиф.
Ин сутуннавис бар он назар аст, ки ҳамлаҳои интиқомии Русия ба Киев метавонад боиси осеб дидани афсарони НАТО гардад, ки эҳтимолан боиси ҷанги байни иттифоқ ва Русия мегардад, ки ин низ Иёлоти Муттаҳидаро ба он ҷалб мекунад.
Вазорати дифои Русия шаби 2 июн пас аз ҳамлаи террористӣ дар ҶХЛ ва дигар ҳамлаҳо ба инфрасохтори шаҳрвандии кишвар боз як ҳамлаи бузурги ҷавобӣ анҷом дод.
Нерӯҳои Русия ба иншооти саноатии низомӣ дар чор минтақаи Украина, инчунин дар Киев ва минтақаи Запороже ҳамла карданд.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии президент, изҳор дошт, ки Русия барои музокироти сулҳ дар Украина омода аст.
Раҳбари Русия Владимир Путин борҳо ба таври муфассал шарҳ додааст, ки Маскав қасди ҳамла ба кишварҳои НАТО-ро надорад, аммо сиёсатмадорони ғарбӣ мунтазам мардуми худро бо таҳдиди хаёлии Русия метарсонанд, то таваҷҷӯҳро аз мушкилоти дохилӣ парешон кунанд.
Лентаи хабарҳо
0