https://sputnik.tj/20260603/dushanbe-shuro-jamiyati-zanoni-tojikiston-1078021813.html
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии "Занони Тоҷикистон" баргузор шуд
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии "Занони Тоҷикистон" баргузор шуд
Sputnik Тоҷикистон
Мақсади асосии Шӯро, ки аз 452 аъзо иборат аст, муттаҳид сохтани неруи занони фаъоли мамлакат барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ аст
2026-06-03T17:08+0500
2026-06-03T17:08+0500
2026-06-03T18:37+0500
дар тоҷикистон
бонувон
фаъол кардан
душанбе
шӯро
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/03/1078027412_83:119:1080:680_1920x0_80_0_0_1a1ca988488907d1a70182f0a13ac3f5.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии "Занони Тоҷикистон" баргузор гардид.Дар ин бора, Кумитаи кор бо занон ва оила хабар додааст.Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории ҷаласа муттаҳид сохтани неруи занони фаъоли мамлакат барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, мебошад.Ҷаласаи Шуро ҳамчун майдони мубодилаи афкор ва таҷриба дар масоили тақвият бахшидан ба саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва корҳои созандагию бунёдкорӣ:Ҳайати Раёсати Шурои марказӣ бо теъдоди 24 нафар ва аъзои он аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди 452 нафар интихоб гардидаанд.Дар Шуро масъалаҳо вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму оинҳои неки миллӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми калонсолон, нақши занону модарон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ баррасӣ гардидааст.Ҳамчунин, барои пешгирии таассубу ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, арзишҳои маънавӣ, ки барои ташаккули ҷомеаи пешрафта аҳамияти калон дорад, мавриди андешаронӣ қарор дода шудааст.
https://sputnik.tj/20260326/grant-prezidenti-zanon-hunarmand-sohibkor-1076326534.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/03/1078027412_61:0:1021:720_1920x0_80_0_0_02044f45c83067df49059aba4374cee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, бонувон, фаъол кардан, душанбе, шӯро
дар тоҷикистон, бонувон, фаъол кардан, душанбе, шӯро
Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии "Занони Тоҷикистон" баргузор шуд
17:08 03.06.2026 (Навсозишуда: 18:37 03.06.2026) Мақсади асосии Шӯро, ки аз 452 аъзо иборат аст, муттаҳид сохтани неруи занони фаъоли мамлакат барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ аст
ДУШАНБЕ, 3 июн – Sputnik. Дар Душанбе нахустин ҷаласаи Шурои ҷамъиятии "Занони Тоҷикистон" баргузор гардид.
Дар ин бора, Кумитаи кор бо занон ва оила хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории ҷаласа муттаҳид сохтани неруи занони фаъоли мамлакат барои саҳмгузории бештар дар ободонӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, мебошад.
Ҷаласаи Шуро ҳамчун майдони мубодилаи афкор ва таҷриба дар масоили тақвият бахшидан ба саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва корҳои созандагию бунёдкорӣ:
баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии занону духтарон, наврасону ҷавонон,
тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳанги миллӣ,
пешгирии хурофоту таассуб, ифротгароӣ, фарҳанги бегона ва дигар падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ ташкил шудааст.
Ҳайати Раёсати Шурои марказӣ бо теъдоди 24 нафар ва аъзои он аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо теъдоди 452 нафар интихоб гардидаанд.
Дар Шуро масъалаҳо вобаста ба тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба расму оинҳои неки миллӣ, фарҳанги муошират, эҳтироми калонсолон, нақши занону модарон дар корҳои фаҳмондадиҳӣ баррасӣ гардидааст.
Ҳамчунин, барои пешгирии таассубу ифротгароӣ ва дигар падидаҳои номатлуб, арзишҳои маънавӣ, ки барои ташаккули ҷомеаи пешрафта аҳамияти калон дорад, мавриди андешаронӣ қарор дода шудааст.