Тоҷикистон ва Ӯзбекистон равандҳоро дар гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбек навсозӣ мекунанд

© Foto / Таможенная служба при Правительстве Республики ТаджикистанВстреча представителей таможенных служб Республики Таджикистан и Республики Узбекистан.
Встреча представителей таможенных служб Республики Таджикистан и Республики Узбекистан. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2026
Обуна шудан
Ҷонибҳо, аз ҷумла, иқтидори интиқолро васеъ мекунанд ва расмиёти убури марзро беҳтар мегардонанд
ДУШАНБЕ, 1 июн – Sputnik. Тоҷикистон ва Узбекистон равандҳоро дар гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбек навсозӣ мекунанд.
Ин ташаббус зимни ҷаласаи гурӯҳҳои кории дахлдори ду кишвар баррасӣ шуд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти гумруки Тоҷикистон.
Қайд карда шуд, ки ҳадафи асосии музокирот, ки таҳти раёсати генерал-майор Азим Турсунзода, муовини аввали сардори Хадамоти гумрук баргузор шуд, тақвияти ҳамкории фаромарзӣ байни кишварҳо, беҳтар кардани самаранокии гузаргоҳ ва мубодилаи таҷриба дар рақамикунонии расмиёти дахлдор буд.
Хадамоти матбуот таъкид кард, ки ҳайатҳои ду кишвар инчунин ба васеъ кардани иқтидори гузаргоҳҳо, сода кардани расмиёти убури марз ва омӯзиши дурнамои ҷорӣ кардани технологияҳои муосир дар маъмурияти гумрукӣ тамаркуз кардаанд.
Ғайр аз ин, гурӯҳҳои кории Тоҷикистон ва Узбекистон масъалаҳои мубрами ин соҳаро муайян карданд ва барои ташаббусҳои муштарак барои ҳалли онҳо пешниҳодҳо ироа карданд.
Работа пограничного пункта пропуска с КНР в Забайкальском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2026
Қарори №529: гумруки Тоҷикистон чӣ гуна рақамӣ мешавад?
Иштирокчиёни ҷаласа инчунин масъалаи ҷорӣ намудани назорати ягонаи гумрукӣ дар асоси принсипи "як равзана" дар нуқтаҳои гузаргоҳи марзӣ ва тасдиқи босуръати ҳуҷҷатҳои техникии зарурӣ барои татбиқи сертификатсияи электронии молҳоро баррасӣ карданд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи ҳамкории гумрукӣ, аз ҷумла такмили механизмҳо байни мақомоти дахлдори ду кишвар ва ҷорӣ кардани равишҳои муосир ба равандҳои назорати марзӣ изҳор доштанд.
Чунин ташаббусҳо ба густариши гардиши мол байни ду ҷумҳурӣ ва рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодии байни Тоҷикистон ва Узбекистон мусоидат мекунанд, афзудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0