Қарори №529: гумруки Тоҷикистон чӣ гуна рақамӣ мешавад?

© Sputnik / Евгений Епанчинцев / Гузариш ба медиабонкРабота пограничного пункта пропуска с КНР в Забайкальском крае
Работа пограничного пункта пропуска с КНР в Забайкальском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Гумруки Тоҷикистон босуръат “рақамӣ” мегардад ва намунаи барҷастааш рақамикунонии муваффақи гузаргоҳи марзии “Дӯстӣ” дар Турсунзода мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 70 гузаргоҳи марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя – Ӯзбекистон, Афғонистон, Чин ва Қирғизистон ва ҳам чаҳор гузаргоҳи гумрукӣ дар фурудгоҳҳои байнулмилалии Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Кӯлоб фаъолият доранд.
Кадом чораҳо имкон доданд, ки фаъолияти гузаргоҳҳо рақамӣ ва барои шаҳрвандон қулай бошанд: дар ин бора дар маводи хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хонед.
Қарори №529
Қурбонмурод Султонов, сардори Маъмурияти Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук мегӯяд, аввалин низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар самти декларатсиякунонии электронии молу воситаҳои нақлиёт соли 2012 роҳандозӣ гардида, то моҳи октябри соли 2025 мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар ин миён тамоми гузаргоҳҳои марзӣ бо камераҳо ва ҳам афзорҳои табодули додаҳо таъмин шуда, як низоми умумии назорати гузаргоҳҳоро бо кӯмаки интернети моҳвораӣ ва мобилӣ ба роҳ монда шуд.
“Акнун тамоми гузаргоҳҳои марзӣ аз марказ шабонарӯз таҳти муроқибат хоҳанд буд”, - гуфт Қурбонмурод Султонов.
Аммо ангезаи бузургтарин барои рақамикунонии бахш Қарори № 529 "Дар бораи рақамикунонии равандҳо дар гузаргоҳҳом назоратӣ" буд, ки онро раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 имзо кард. Ҳоло ронандагон дигар маҷбур нестанд, ки дар навбатҳои беохир барои пур кардани ҳуҷҷатҳои воридотӣ/содиротӣ навбат поянд ва аз расмиёти сахти санҷишӣ гузаранд.
Қурбонмурод Султонов гуфт, яке аз натиҷаҳои барҷастаи ин ислоҳот кӯтоҳ шудани вақти барасмиятдарории гумрукӣ аз 14 соат то 7 соат, яъне ду баробар мебошад.
“Дар умум, дар пайи иҷрои қарори №529 платформаи “Биниши рақамӣ”, назорати онлайни фаъолияти гузаргоҳҳои гумрукӣ, порталҳои миллии “VIN” барои васоити нақлиёт ва “IMEI” барои воситаҳои алоқа ва низоми “ASYCUDA World”” бомуваффақият ҷорӣ ва ҳамгироӣ шудааст”, - гуфт ӯ.
Таҳти назорати гумруки Тоҷикистон
Гузаргоҳи гумрукии “Дӯстӣ” – и Турсунзода, воқеъ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон, намунаи боризе аз рақамишавии тадриҷӣ ва башиддати гумруки Тоҷикистон аст. Аз ин гузаргоҳи гумрукӣ ҳудуди 25% - и молу амвол содиротиву воридотии Тоҷикистон убур мекунад. Аксарияти амвол ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Русия, Эрон, Туркия ва Чин содир ва ё аз он кишварҳо ворид мешаванд.

Гузаргоҳи гумрукии “Дӯстӣ” иқтидор дорад дар самти содирот 100 ва ба самти воридот 120 то 160 мошини борбарро қабул кунад ва ҳудуди 300-нафарӣ мусофирони пиёда аз самти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва баръакс убуру мурур мекунанд.
Ба қавли генерал – майори хадамоти гумрук Аҳмадҷон Бобозода, сардори Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода, аз октябри соли 2025 ба ин сӯ гузаргоҳи мазкур пурра рақамӣ шуда, ба низоми байнулмилалии ASYCUDA World- як низоми пешрафта барои мудирияти додаҳои гумрукӣ аст, ки тавассути ЮНКТАД (ниҳоди СММ) ба манзури худкорсозии равандҳои тиҷорати хориҷӣ тарроҳӣ шудааст, пайвастааст.
“Камераҳои мушоҳидавии муосир, ки “биниши рақамӣ”-ро таъмин мекунад, тарозуи рақамӣ ва камераҳои назоратӣ ҳам дар самти воридот ва ҳам содирот насб шудааст. Мошини ренгенӣ мобилӣ низ фаъъол аст, ки ренгени воситаҳои нақлиётро таъмин намуда ба “биниши рақамӣ” маълумоти рақамиро ирсол менамояд”, - гуфт Аҳмадҷон Бобозода.
Экономический рост , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2026
Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар Тоҷикистон дар соли 2025 барзиёд иҷро гардид
Аҳмадҷон Бобозода, ки худ таҷрибаи 35 соли кор дар соҳаи гумрукро дорад, мегӯяд, дар пайи фаъол шудани низоми байнулмилалии ASYCUDA World дар қиёс бо гузашта омили инсонӣ дар кори гузаргоҳҳои гумрукӣ хеле коҳиш ёфтааст. Вай афзуд, бино ба ин низом, субъектҳое, ки фаъолияти иқтисодӣ доранд, тоҷирон ва дигар афроде, ки бо воридоту содироти амвол машғуланд, на дер аз 72 соат ба нуқтаи гузариши дидбонгоҳи сарҳадӣ маълумоти пешакии худро ирсол мекунанд.
“Аз қабл маълум мешавад, ки кадом намуди бор ворид ё содир мешавад ва аз кадом гузаргоҳ, кадом мошин, бо кадом рақами давлатӣ аст ва ҳам қабулкунандаи мол дар дохилу хориҷ кист. Корманди гумрук то омадани бор ҳамаи маълумотро мегирад ва сабту қабул мекунад. Худи ронанда ҳам харитаи худро дорад, ки бояд аз кадом навор гузарад. Ҳаҷми борро ҳам тарозуи рақамӣ муайян мекунад. Зарурати тамоси мустақим миёни тарафҳо нест, он гуна ки дар гузашта буд”, - гуфт сардори Раёсат.
Вай афзуд, шароите, ки бар пояи барномаи ASYCUDA World фароҳам шудааст, имкон медиҳад, ҳангоми содироти молҳои ватанӣ аз қабл маълум мекунад, ки бор аз кадом гузаргоҳ ва бо чӣ ҳаҷм бояд ба хориҷа интиқол шавад.
“Он бор шояд ҳанӯз ҳаракат накарда бошад ё дар нуқтаи ибтидоӣ қарор дошта бошад. Агар чун ҳама кор бояд ба вақти худ анҷом шавад, вақте бор наомад, мо паём мефиристем, ки бор наомадааст. Бояд маълум шавад, ки чӣ мушкил рух додааст”, - гуфт Аҳмадҷон Бобозода.
“Аз ҳамон лаҳза мошине, ки дар ҳаракат аст, таҳти назорати мо қарор мегирад, чун дар маълумоте, ки аз ҷониби воридкунда ба гумрук пешниҳод шудааст, омадааст, ки ин бор аз кадом кишвар ва аз кадом гузаргоҳи гумрукӣ ворид хоҳад шуд. Агар дер кард, ба гумруки ирсолкарда хабар медиҳем, ки чӣ шуд”, - гуфт сардори Бобозода А.
Вай афзуд, замоне, ки бор ба гузаргоҳи гумрукии мо мерасад, аз қабл маълум аст, ки ронанда чӣ бояд кунад, аз куҷо гузарад ва ҳатто ба кадом суръат.
“Баъде, ки вазни бор муайян мешавад, аз сканери ренгенӣ мегузарад ва суръати ҳаракаташ набояд аз 7 поин ва 15 боло бошад. Тамоми ҳаракати мошинҳо тариқи онлайн на фақат дар худи гузаргоҳ, балки бинои марказии гумрук таҳти назорат қарор мегирад”, - гуфт Аҳмадҷон Бобозода.
Вай афзуд, агар дар вақти сканер ё ренген кардан корманди гумрук ягон маълумотро дақиқ карда натавонад, зарур мешуморад, ки онро шахсан аз назар гузаронад.
“Дар чунин ҳолат мошин аз долони “сабз” ба долони “сурх” мегузарад. Инро худи низом муайян мекунад, на коргари гумрук. Ва ин ҳолат, боз ҳам аз марказ назорат мешавад, ки корманди гумрук сари худ коре накунад. Вақте тамоми шакку гумонҳо бартараф шуданд, эъломия пазируфта мешавад ва ронанда ба роҳи худ идома медиҳад”, - гуфт сардори Раёсат.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли 2026, пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 3 миллиарду 740, 6 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2025 956,4 миллион сомонӣ ё 34,3% зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0