Кобулов гуфт, ки созишномаи ҳамкории низомии Русия бо Афғонистон чиро дар бар мегирад

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкЗамир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану
Замир Кабулов на IV заседание Московского формата консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2026
Обуна шудан
Созишномаи кунунӣ асосан ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли Русия ва Шӯравӣ, ки ҳоло дар арсенали Афғонистон қарор доранд, дахл дорад, гутф Кобулов
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Созишномаи ҳамкории низомӣ-техникии Русия ва Афғонистон як созишномаи чаҳорчӯбаӣ аст, аммо он имконияти бастани шартномаҳоро барои таъмини системаҳои гуногун пешбинӣ мекунад.
Дар ин бора Замир Кабулов, мушовири вазири корҳои хориҷии Русия ва намояндаи махсуси президент оид ба Афғонистон, ба РИА "Новости" гуфт.
Кабулов таъкид кард, ки созишномаи кунунӣ асосан ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоти истеҳсоли Русия ва Шӯравӣ, ки ҳоло дар арсенали Афғонистон қарор доранд, дахл дорад.
"Ин созишнома як созишномаи чаҳорчӯбаӣ ва амалӣ аст", - гуфт Кабулов.
"Ин чаҳорчӯбаи ҳуқуқӣ имкон медиҳад, ки созишномаҳо ва шартномаҳо барои дигар системаҳо низ баста шаванд. Дар ин марҳила, созишнома асосан ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоти гуногуни низомии айни замон дар Афғонистон дахл дорад", - шарҳ дод ӯ.
Русия ва Афғонистон 27 май созишномаи ҳамкории низомӣ-техникиро имзо карданд.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2026
Муҷоҳид: Афғонистон маншаъи таҳдид барои минтақа ва ҷаҳон нест
Ин ҳуҷҷат дар Форуми байналмилалии амниятӣ, ки аз 26 то 29 май дар вилояти Маскав баргузор шуд, имзо шуд.
31 май Вазорати дифои Афғонистон эълон кард, ки корҳои амалӣ оид ба ин созишнома дар рӯзҳои наздик оғоз мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0