ВКД ба волидайн: Дар рӯзҳои таҷлили хатми мактаб ба наврасон нақлиёт надиҳед

© Фото : Пресс-служба президента РТКортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона
Кортеж президента Таджикистана Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2026
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон қайд кардааст, ки нақлиёт воситаи бозӣ ё намоиши "хатми бошукуҳ" нест, балки он манбаи хатар аст
ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе қайд кардааст, ки солҳои охир дар рӯзҳои таҷлили хатми мактаб ҳолатҳои идора намудани воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта мешаванд, ки аксаран сабаби рух додани садамаҳои нақлиётӣ, ҷароҳатбардорӣ ва дигар оқибатҳои фоҷиабор мегарданд.
ВКД таъкид кардааст, ки дар бисёр мавридҳо наврасон бо ризоият ё бепарвоии калонсолон ба воситаи нақлиёт дастрасӣ пайдо мекунанд.
“Нақлиёт воситаи бозӣ ё намоиши "хатми бошукуҳ" набуда, манбаи хатар барои наврасон ба ҳисоб меравад”, - қайд кардааст вазорат.
ВКД аз ҳар як падару модар хоҳиш кардааст, ки ин ба саломатӣ ва амнияти фарзандон таваҷҷуҳ намоянд.
Дети играют в подвижные игры в оздоровительно-образовательном центре Россонь в Ленинградской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2026
Маълум шуд, ки кай мактаббачагон дар Тоҷикистон ба таътили тобистона мераванд
Ин ниҳод аз шаҳрвандон хостааст, ки барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҳифзи ҷони наврасон бапарвоӣ зоҳир накунанд.
ВКД аз тамоми шаҳрвандон, махсусан падару модарон хоҳиш кардааст, ки ба таълиму тарбия, таъмини амнияти фарзандон аҳамият дода, аз риояи қонун ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бетараф набошанд.
Лентаи хабарҳо
0