https://sputnik.tj/20260526/rahmon-aholii-tojikiston-ob-tamin-1077822600.html
Раҳмон гуфт, 90% аҳолии Тоҷикистон то соли 2040 бо об таъмин мешаванд
Раҳмон гуфт, 90% аҳолии Тоҷикистон то соли 2040 бо об таъмин мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари Тоҷикистон дар Конфронси об таъкид кард, ки ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80% афзоиш диҳад
2026-05-26T12:26+0500
2026-05-26T12:26+0500
2026-05-26T12:26+0500
дар тоҷикистон
об
конфронси байналмилалии "об барои ҳаёт"
обтаъминкунӣ
эмомалӣ раҳмон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077820087_86:294:1909:1319_1920x0_80_0_0_e017c80440997a6b2a9b3b279d9e2e4a.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намояд.Вай гуфт Тоҷикистон, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис медиҳад.“Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем”, - гуфт ӯ.Раисҷумҳур дар суханрониаш таъкид кард, ки кишвар тасмим гирифтааст, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳад.Ҳамзамон дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.“Мо ният дорем, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намоем”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.Президент бо ишора ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти ислоҳоти соҳаи об афзуд, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳилавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардид.Вай афзуд, ки он аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар менамояд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55942
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1a/1077820087_68:0:1888:1365_1920x0_80_0_0_f72cb4c01df0806b242c5cd55ad7498b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, об, конфронси байналмилалии "об барои ҳаёт", обтаъминкунӣ, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
дар тоҷикистон, об, конфронси байналмилалии "об барои ҳаёт", обтаъминкунӣ, эмомалӣ раҳмон, сиёсат
Раҳмон гуфт, 90% аҳолии Тоҷикистон то соли 2040 бо об таъмин мешаванд
Раҳбари Тоҷикистон дар Конфронси об таъкид кард, ки ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80% афзоиш диҳад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таъкид кард, ки Тоҷикистон ният дорад, ки то соли 2030 татбиқи пурраи мудирияти ҳамоҳангшудаи захираҳои обро дар сатҳи миллӣ ва ҳавзавӣ таъмин намояд.
Вай гуфт Тоҷикистон, низоми муосири илман асоснок, устувор ва самаранокро таъсис медиҳад.
“Ҳамзамон бо ин, мо талош дорем, ки то соли 2040 дастрасӣ ба оби мутамарказро ҳадди ақал барои 90 фоизи аҳолӣ таъмин намоем”, - гуфт ӯ.
Раисҷумҳур дар суханрониаш таъкид кард, ки кишвар тасмим гирифтааст, ки ба ин васила дастрасии ҳар як шаҳрвандро ба оби тозаи ошомиданӣ кафолат диҳад.
Ҳамзамон дар баробари ин, Тоҷикистон нақша дорад, ки миқёси технологияҳои сарфакунандаи обро зиёда аз чил баробар афзоиш дода, истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳоро ба як абзори калидии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим табдил диҳад.
“Мо ният дорем, ки то соли 2040 рақамикунонии мудирияти захираҳои обро то 80 фоиз афзоиш дода, бо ин роҳ шаффофият, самаранокӣ ва устувории қабули қарорҳои марбутаро таъмин намоем”, - қайд кард кишвардори Тоҷикистон.
Президент бо ишора ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти ислоҳоти соҳаи об афзуд, ки дар доираи Барномаи ислоҳоти соҳаи об заминаҳои ҳуқуқӣ ва ниҳодӣ барои татбиқи марҳилавии мудирияти ҳамгироии захираҳои об ба таври назаррас таҳким ёфта, инфрасохтори калидӣ навсозӣ гардид.
Вай афзуд, ки он аллакай самаранокӣ ва устувории истифодаи обро беҳтар менамояд.