https://sputnik.tj/20260531/dar-dushanbe-istifodai-zehni-suni-dar-artishro-barrasi-kardand-1077951563.html
Дар Душанбе истифодаи зеҳни сунъӣ дар артишро баррасӣ карданд
Дар Душанбе истифодаи зеҳни сунъӣ дар артишро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Дар баромадҳо коршиносон масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи системаҳои интеллектуалӣ, таҳлили иттилоот ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни амниятиву мудофиавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
2026-05-31T17:24+0500
2026-05-31T17:24+0500
2026-05-31T17:24+0500
дар тоҷикистон
сунъӣ
технологияи навин
артиш
қувваҳои мусаллаҳи ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1b/1076404762_0:331:1024:907_1920x0_80_0_0_9f263b2a9eaa3cc56a1f2b54018e2022.png
ДУШАНБЕ, 31 мая – Sputnik. Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ таҳти унвони "Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ" баргузор гардид, ки дар ин муҳимияти технологияҳои нав дар артиш баррасӣ гардид.Ба гузориши дафтари матбуоти вазорат, чорабинӣ бо ширкати ниҳодҳои марбута сурат гирифта, таъкид шудааст, ки ҷорӣ намудани чунин технологияҳо метавонад самаранокии идоракунӣ, таҳлил ва банақшагирии низоми амниятиро ба маротиб баланд бардорад.Дар баромадҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи системаҳои интеллектуалӣ, таҳлили иттилоот ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни амниятиву мудофиавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.Зикр шудааст, ки артиши Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату ҳукумат бояд дар баробари рушди замони муосир аз имкониятҳои пешрафтаи илм ва технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, васеъ истифода намуда, сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбияти ҳайати шахсиро боз ҳам баланд бардоранд.Маврид ба зикр аст, ки масъалаи зарурати истифодаи зеҳни сунъиро дар артиш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан зикр карда буд.Ба таъкиди президент бо нарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ", инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
https://sputnik.tj/20260221/zehn-suni-tojikiston-rushd-mekunad-1075443266.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/03/1b/1076404762_0:235:1024:1003_1920x0_80_0_0_e2e69a6298340622ad1775b609e4edb9.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сунъӣ, технологияи навин, артиш, қувваҳои мусаллаҳи ҷт
дар тоҷикистон, сунъӣ, технологияи навин, артиш, қувваҳои мусаллаҳи ҷт
Дар Душанбе истифодаи зеҳни сунъӣ дар артишро баррасӣ карданд
Дар баромадҳо коршиносон масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи системаҳои интеллектуалӣ, таҳлили иттилоот ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни амниятиву мудофиавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
ДУШАНБЕ, 31 мая – Sputnik. Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ таҳти унвони "Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ" баргузор гардид, ки дар ин муҳимияти технологияҳои нав дар артиш баррасӣ гардид.
Ба гузориши дафтари матбуоти вазорат, чорабинӣ бо ширкати ниҳодҳои марбута сурат гирифта, таъкид шудааст, ки ҷорӣ намудани чунин технологияҳо метавонад самаранокии идоракунӣ, таҳлил ва банақшагирии низоми амниятиро ба маротиб баланд бардорад.
"Истифодаи технологияҳои муосир, бахусус зеҳни сунъӣ, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техникаву технологияҳо ба яке аз омилҳои муҳими таҳкими иқтидори мудофиавии давлат табдил ёфтааст",- афзудааст муовини якуми вазири мудофиа генерал-лейтенант Саидзода Бобоҷон.
Дар баромадҳо масъалаҳои татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҳияи системаҳои интеллектуалӣ, таҳлили иттилоот ва истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни амниятиву мудофиавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр шудааст, ки артиши Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату ҳукумат бояд дар баробари рушди замони муосир аз имкониятҳои пешрафтаи илм ва технология, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, васеъ истифода намуда, сатҳи омодабошии ҷангӣ ва касбияти ҳайати шахсиро боз ҳам баланд бардоранд.
Маврид ба зикр аст, ки масъалаи зарурати истифодаи зеҳни сунъиро дар артиш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қаблан зикр карда буд.
Ба таъкиди президент бо нарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон масъалаи тарбияи кадрҳо, ҷобаҷогузории дурусти онҳо, бозомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи касбият ва маҳорату малакаи афсарону сарбозон, азхудкунӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир, аз ҷумла "зеҳни сунъӣ", инчунин, омодабошии захираҳои сафарбарӣ бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.