https://sputnik.tj/20260221/zehn-suni-tojikiston-rushd-mekunad-1075443266.html
Зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад
Зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ин масъаларо вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раҳбарияти Корпоратсияи "Microsoft" баррасӣ кардааст
2026-02-21T10:23+0500
2026-02-21T10:23+0500
2026-02-21T10:23+0500
microsoft
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
шералӣ кабир
вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075445341_120:0:2971:1604_1920x0_80_0_0_560fbb4925032074fdaa68a6082d94ba.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Роҳбарияти Корпоратсияи "Microsoft" барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ибрози омодагӣ намудааст.Дар ин бора, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш додааст.Шералӣ Кабир бо ноиби президент — роҳбар ва масъули самти зеҳни сунъии Корпоратсияи "Microsoft" Наташа Крэмптон ин ва дигар масоили марбут ба зеҳни сунъиро баррасӣ кардааст.Мулоқот дар доираи Саммити ҷаҳонии "India AI Impact Summit 2026" дар Ҳиндустон баргузор шудааст.Вазири тоҷик гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо корпоратсияи "Microsoft" барои таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад.Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи инфрасохтор барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи "Azure" дар Тоҷикистон муҳокима шудааст.Ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси "Area AI" ва амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро баррасӣ кардаанд. Наташа Крэмптон омодагии корпоратсияи "Microsoft"-ро барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушду татбиқи зеҳни сунъӣ иброз намудаааст.Ӯ таъкид кардааст, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими имконияти рақамии мамлакат мусоидат менамояд.Бояд гуфт, бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид.
https://sputnik.tj/20251206/sherali-kabir-zs-joyguzin-odamon-nakhohad-shud-1073552697.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/14/1075445341_226:0:2955:2047_1920x0_80_0_0_115b1fde5c7a7d1177b8768fcb0b3e00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
microsoft, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, шералӣ кабир, вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
microsoft, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, шералӣ кабир, вазорати саноат ва технологияҳои нави тоҷикистон
Зеҳни сунъӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад
Ин масъаларо вазири саноати Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо раҳбарияти Корпоратсияи "Microsoft" баррасӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 21 фев – Sputnik. Роҳбарияти Корпоратсияи "Microsoft" барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ ибрози омодагӣ намудааст.
Дар ин бора, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш додааст.
Шералӣ Кабир бо ноиби президент — роҳбар ва масъули самти зеҳни сунъии Корпоратсияи "Microsoft" Наташа Крэмптон ин ва дигар масоили марбут ба зеҳни сунъиро баррасӣ кардааст.
Мулоқот дар доираи Саммити ҷаҳонии "India AI Impact Summit 2026" дар Ҳиндустон баргузор шудааст.
Вазири тоҷик гуфтааст, ки ҳамкорӣ бо корпоратсияи "Microsoft" барои таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи технологияҳои нав ва зеҳни сунъӣ нақши калидӣ дорад.
Дар мулоқот инчунин масъалаҳои татбиқи инфрасохтор барои ҳисоббарориҳои зеҳни сунъӣ дар асоси платформаи "Azure" дар Тоҷикистон муҳокима шудааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин, ҳамкорӣ дар доираи татбиқи принсипҳои зеҳни сунъии масъул дар лоиҳаи махсуси "Area AI" ва амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро баррасӣ кардаанд.
Наташа Крэмптон омодагии корпоратсияи "Microsoft"-ро барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушду татбиқи зеҳни сунъӣ иброз намудаааст.
Ӯ таъкид кардааст, ки ин ҳамкорӣ ба таҳкими имконияти рақамии мамлакат мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, бо ташаббуси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, соли 2025 Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ қабул гардид.