https://sputnik.tj/20260530/vaziyati-noumedkunanda-zelenskiy-gharbro-hayrat-1077933432.html
"Вазъияти ноумедкунанда." Қарори нави Зеленский Ғарбро ба ҳайрат овард
"Вазъияти ноумедкунанда." Қарори нави Зеленский Ғарбро ба ҳайрат овард
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори финландӣ мегӯяд, ки Зеленский мехоҳад Брюсселро бо партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин Иттиҳодияи Аврупоро ба низоъ бо Русия кашад
2026-05-30T18:41+0500
2026-05-30T18:41+0500
2026-05-30T18:41+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
иттиҳоди аврпуо
аврупо
ҷанг
низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101670/08/1016700848_0:59:3256:1891_1920x0_80_0_0_3e6f65dd2afb8d9d5f8473f74bc8d13b.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Владимир Зеленский бо партоби паҳподҳо ба Иттиҳодияи Аврупо, мехоҳад Брюсселро ба низоъ бо Русия кашад, навиштааст сиёсатмадори финландӣ Армандо Мема, узви ҳизби Иттиҳоди Озодӣ, дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X."Ман самимона боварӣ дорам, ки Зеленский сахт мехоҳад Аврупоро ба ин низоъ кашад ва маҳз барои ҳамин ҳамлаҳои бесарнишин дар қаламрави Аврупо анҷом дода мешаванд", - гуфта мешавад дар паём.Сиёсатмадор афзуд, ки раҳбари режими Киев умедвор аст, ки чунин амалҳо дастгирии Украинаро тамдид мекунад ва НАТО ба низоъ ворид хоҳад шуд.Мема аз ИА даъват кард, ки дар доираи тафтишоти байналмилалӣ ва мустақил дар бораи ҳодисаи суқути бесарнишин дар Руминия далелҳо пешниҳод кунад. Агар мақомот аз анҷом додани он саркашӣ кунанд, аврупоиҳо метавонанд ба хулосае оянд, ки ин як амалиёти бардурӯғ буд, бе ягон далели таҳдиде аз Русия.Рӯзи пеш Вазорати дифои Руминия эълон кард, ки як бесарнишин ба боми бино дар Галатӣ бархӯрда, ду нафарро маҷрӯҳ кардааст. Мақомоти кишвар Русияро дар ин ҳодиса айбдор карданд, аммо ягон далел пешниҳод накарданд. Аммо, артиши Руминия, сарфи назар аз пайгирии он бо системаҳои радар, бесарнишинро натавонистанд нобуд кунанд.Дар ҳамон рӯз, президенти Русия, Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳодиса дар Руминия эҳтимолан бо ҳавопаймои бесарнишини украинӣ алоқаманд аст, ки аз сабаби ситемаҳои электронӣ ё нокомиҳои техникӣ аз масираш берун рафтааст.
https://sputnik.tj/20260530/anjomi-nizo-ukraina-muzokirot-gharb-sukhanronii-putin-1077931070.html
украина
иттиҳоди аврпуо
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101670/08/1016700848_353:0:3084:2048_1920x0_80_0_0_8a48a74ddd370c7b5449ebd59348a6fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, иттиҳоди аврпуо, аврупо, ҷанг, низоъ
украина, амалиёти вижа, иттиҳоди аврпуо, аврупо, ҷанг, низоъ
"Вазъияти ноумедкунанда." Қарори нави Зеленский Ғарбро ба ҳайрат овард
Сиёсатмадори финландӣ мегӯяд, ки Зеленский мехоҳад Брюсселро бо партоби ҳавопаймоҳои бесарнишин Иттиҳодияи Аврупоро ба низоъ бо Русия кашад
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Владимир Зеленский бо партоби паҳподҳо ба Иттиҳодияи Аврупо, мехоҳад Брюсселро ба низоъ бо Русия кашад, навиштааст сиёсатмадори финландӣ Армандо Мема, узви ҳизби Иттиҳоди Озодӣ, дар платформаи шабакаҳои иҷтимоии X.
"Ман самимона боварӣ дорам, ки Зеленский сахт мехоҳад Аврупоро ба ин низоъ кашад ва маҳз барои ҳамин ҳамлаҳои бесарнишин дар қаламрави Аврупо анҷом дода мешаванд", - гуфта мешавад дар паём.
Сиёсатмадор афзуд, ки раҳбари режими Киев умедвор аст, ки чунин амалҳо дастгирии Украинаро тамдид мекунад ва НАТО ба низоъ ворид хоҳад шуд.
Мема аз ИА даъват кард, ки дар доираи тафтишоти байналмилалӣ ва мустақил дар бораи ҳодисаи суқути бесарнишин дар Руминия далелҳо пешниҳод кунад. Агар мақомот аз анҷом додани он саркашӣ кунанд, аврупоиҳо метавонанд ба хулосае оянд, ки ин як амалиёти бардурӯғ буд, бе ягон далели таҳдиде аз Русия.
Рӯзи пеш Вазорати дифои Руминия эълон кард, ки як бесарнишин ба боми бино дар Галатӣ бархӯрда, ду нафарро маҷрӯҳ кардааст. Мақомоти кишвар Русияро дар ин ҳодиса айбдор карданд, аммо ягон далел пешниҳод накарданд. Аммо, артиши Руминия, сарфи назар аз пайгирии он бо системаҳои радар, бесарнишинро натавонистанд нобуд кунанд.
Дар ҳамон рӯз, президенти Русия, Владимир Путин изҳор дошт, ки ҳодиса дар Руминия эҳтимолан бо ҳавопаймои бесарнишини украинӣ алоқаманд аст, ки аз сабаби ситемаҳои электронӣ ё нокомиҳои техникӣ аз масираш берун рафтааст.