https://sputnik.tj/20260530/sanjishi-furushgoh-tanqidi-prezident-narkhi-sement-bozor-1077932177.html
Санҷишҳо пас аз танқиди президент: Мақомот мегӯяд нархи семент дар бозорҳо поин рафт
Санҷишҳо пас аз танқиди президент: Мақомот мегӯяд нархи семент дар бозорҳо поин рафт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот иддао дорад, ки норасоии семент дар бозорҳо дар як шабонарӯз ба эътидол омад ва ҳоло нархи он аз 85 сомонӣ то 65 сомонӣ барои як халта поин омадааст
2026-05-30T16:11+0500
2026-05-30T16:11+0500
2026-05-30T16:11+0500
дар тоҷикистон
семент
нарх
бозор
саноат
коргоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1e/1077932729_0:94:1080:702_1920x0_80_0_0_6b7b11a3c07fcea2e33cb5781b63f019.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълон кард, ки барои гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии болоравии беасоси нархҳо гурӯҳи корӣ таъсис додааст.Ин Хадамоти хабар додааст, ки гурӯҳи корӣ 28 май ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон равона гардиданд.Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар вилояти Суғд нархи як халта семент аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.Бояд гуфт, ки шуруъ аз нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар бозорҳои кишвар камчинии семент мушоҳида шуда буд.Ҳамзамон нархи он рӯ ба афзоиш ниҳода, аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар маҷлиси ахири ҳукумат ба ин масъала аҳамияти хос дод ва ба мақомоти супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ин масъаларо ҳал кунанд.Хадамоти зиддиинҳисории кишвар таъкид кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳамроҳ бо корхонаҳои истеҳсоли семент вазъияти бамиёномада дар як шабонарӯз ба эътидол омад.Ҳамзамон таъкид шудааст, ки новобаста ба ин гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолиятро идома дода, то пурра ба эътидол омадани вазъ барои ба танзим даровардани нарх тамоми чораҳои заруриро амалӣ ва маълумоти иловагӣ манзур менамояд.
https://sputnik.tj/20260528/garonii-narkhi-sement-prezident-rahmon-dastur-norasoi-1077886123.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1e/1077932729_0:0:1080:810_1920x0_80_0_0_37bd16ccbaf489a5fab4fc7c94b8e71c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, семент, нарх, бозор, саноат, коргоҳ
дар тоҷикистон, семент, нарх, бозор, саноат, коргоҳ
Санҷишҳо пас аз танқиди президент: Мақомот мегӯяд нархи семент дар бозорҳо поин рафт
Мақомот иддао дорад, ки норасоии семент дар бозорҳо дар як шабонарӯз ба эътидол омад ва ҳоло нархи он аз 85 сомонӣ то 65 сомонӣ барои як халта поин омадааст
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон эълон кард, ки барои гузаронидани мониторинги бозори истеъмол ва фурӯши семент дар ҳудуди ҷумҳурӣ, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии болоравии беасоси нархҳо гурӯҳи корӣ таъсис додааст.
Ин Хадамоти хабар додааст, ки гурӯҳи корӣ 28 май ба бозорҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоятҳои Суғду Хатлон равона гардиданд.
“Мониторинг гузаронида нишон дод, ки нархи як халта семент дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 54 то 60 сомонӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бо назардошти хароҷоти ҳамлу нақл ва бурда расонидани мол то минтақаи муайяншуда то 65 сомонӣ ва дар шаҳри Душанбе аз 54 то 60 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст”, - қайд кардааст Хадамот.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар вилояти Суғд нархи як халта семент аз 60 то 65 сомонӣ ва дар вилояти Хатлон аз 54 то 63 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар бозорҳои кишвар камчинии семент мушоҳида шуда буд.
Ҳамзамон нархи он рӯ ба афзоиш ниҳода, аз 70 то 85 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури кишвар дар маҷлиси ахири ҳукумат ба ин масъала аҳамияти хос дод ва ба мақомоти супориш дод, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин ин масъаларо ҳал кунанд.
Хадамоти зиддиинҳисории кишвар таъкид кардааст, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешида ҳамроҳ бо корхонаҳои истеҳсоли семент вазъияти бамиёномада дар як шабонарӯз ба эътидол омад.
“Корхонаҳои истеҳсолкунанда маҳсулоти семент нуқтаҳои фурӯш ва бозорҳоро бо семент таъмин намуда, нархи семент муътадил мегардад”, қайд кардааст Хадамот.
Ҳамзамон таъкид шудааст, ки новобаста ба ин гурӯҳи кории Хадамоти зиддиинҳисорӣ фаъолиятро идома дода, то пурра ба эътидол омадани вазъ барои ба танзим даровардани нарх тамоми чораҳои заруриро амалӣ ва маълумоти иловагӣ манзур менамояд.