Қатораи мусофирбари мустақими "Маскав-Душанбе" пас аз 6 сол дубора ҳаракат хоҳад кард

© Sputnik / Алексей ФилипповПассажиры поезда Ташкент-Москва на платформе Казанского вокзала Москвы.
Пассажиры поезда Ташкент-Москва на платформе Казанского вокзала Москвы. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2026
Обуна шудан
Ширкати роҳи оҳани Русия аз эҳёи тараддуди қатори мусофирбари мустақим байни Маскав ва Душанбе, ки аз замони пайдоиши коронавирус дар соли 2020 мутавақиф шуда буд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Роҳи оҳани Русия эълон кард, ки бо дархости Роҳи оҳани Тоҷикистон ва бо ҳамоҳангӣ бо мақомоти роҳи оҳани Қазоқистон ва Узбекистон, пас аз 6 соли танаффус, ҳаракати қатораҳои мустақими мусофирбар байни Маскав ва Душанбе аз нав оғоз мешавад.
Ба гуфтаи ширкат, ҳаракати қатораҳои мустақим байни пойтахтҳои Тоҷикистону Русия аз моҳи марти соли 2020 бинобар маҳдудиятҳои ҷорӣшуда дар робита ба пандемияи коронавирус манъ шуда буд.
Тибқи ҷадвали эълоншуда, қатораи рақами 424/423 дар ин масир як маротиба дар ду ҳафта ҳаракат хоҳад кард.
Аз 21 июн сар карда, қатора рӯзҳои якшанбе соати 03:23 ба вақти маҳаллӣ аз Душанбе ҳаракат карда ва рӯзҳои чоршанбе соати 22:08 ба вақти Маскав ба истгоҳи Павелетский мерасад.
Харакати қатора аз Маскав ба Душанбе низ 25 июн оғоз мешавад.
Ин қатора рӯзҳои панҷшанбе соати 06:00 аз Маскав ҳаракат мекунад ва субҳи душанбе соати 02:48 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.
Қатораи Тоҷикистони озими Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.08.2022
Эълони нархи чиптаи қатора аз Тоҷикистон ба Русия: гарон ё арзон?
Масири ин қатора аз қаламрави чор кишвар: Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Русия мегузарад ва дар шаҳрҳои Бухоро, Нукус, Кунгурот, Қандиоғош, Актубе, Илтеск, Оренбург, Самара, Сизран, Пенза ва як қатор шаҳрҳои дигар таваққуф хоҳад кард.
Тибқи иттилои Роҳи оҳани Русия, вагонҳои купе ва платскарт барои мусофирон пешбинӣ шудаанд ва давомнокии сафар тақрибан чор шабу рӯз хоҳад буд.
Ҳамчунин, чиптаҳои ин қатора то 45 рӯз пеш аз рафтан ба фурӯш хоҳанд буд.
Фурӯши чиптаҳо дар Душанбе оғоз шудааст ва ба зудӣ дар Маскав оғоз мешавад.
Айни замон се қатораи мусофирбари Ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон байни Тоҷикистон ва Русия дар масирҳои "Кӯлоб-Волжский", "Душанбе-Волжский" ва "Хуҷанд-Волжский" ҳаракат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0