Ояндаи солим: Ҷашни Рӯзи кӯдакон дар Душанбе баргузор шуд – Видео

Обуна шудан
Боғи "Ирам" ба як майдони воқеии саломатӣ табдил ёфта барои кӯдакон озмунҳо, сюрпризҳо ташкил карда шуд. Ҳамчунин кӯдакон кӯмакҳои тиббӣ гирифтанд
Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе чорабинии калони фарҳангӣ-фароғатӣ ва иҷтимоӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид.
Барои кӯдакон ва оилаҳо бозиҳову озмунҳо, барномаҳои шавқовар, гӯшаҳои эҷодӣ ва интерактивӣ, туҳфаҳо ва сюрпризҳо, ҳачунин гӯшаи "Ғизои солим" ташкил карда шуд.
Ҳамчунин барои оилаҳо фазои идона ташкил карда шуд.
Дар чорабинӣ инчунин кӯдакони дорои маъюбият, ятимон ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат иштирок карданд.
Маълум шуд, ки кай мактаббачагон дар Тоҷикистон ба таътили тобистона мераванд
Дар Боғи Ирам кӯдакону волидайн имкон доштанд бо табибони Маркази ҷумҳуриявии педиатрӣ вохӯрда, машварати кӯтоҳ бигиранд ва дар бораи саломатии кӯдаки худ пурсанд.
Маълумоти бештарро дар бораи ин чорабинӣ дар гузориши видеоии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.
Лентаи хабарҳо
0