https://sputnik.tj/20260530/mirziyoev-uzbekiston-hamkoriho-iiao-taqviyat-1077921134.html
Мирзиёев: Узбекистон ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ИИАО-ро тақвият медиҳад
Мирзиёев: Узбекистон ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ИИАО-ро тақвият медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Узбекистон гуфт, ки кишвараш ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвият медиҳад
2026-05-30T11:26+0500
2026-05-30T11:26+0500
2026-05-30T11:26+0500
узбекистон
ииао
авруосиё
ҳамкорӣ
иқтисод
мирзиёев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062515478_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_f039133664b41cb7dab7248415837129.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Узбекистон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи иқтисодиро бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) рушд медиҳад, эълон кард президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев."Барои Узбекистон густариши ҳамкориҳои амалӣ бо кишварҳои ИИАО самти асосии сиёсати иқтисодии хориҷӣ боқӣ мемонад. Имрӯз ҳамкории мо бо кишварҳои иттиҳод ба шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ табдил ёфтааст", - гуфт Мирзиёев зимни ҷаласаи васеъи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Остона.Барои рушди ояндаи ҳамкорӣ, Президенти Узбекистон бар он ақида аст, ки оғоз кардани ташаккули фазои ягонаи рақамӣ барои тиҷорати бе монеа ва додани такони нав ба ҳамкории саноатӣ муҳим аст."Мо таваҷҷӯҳи афзояндаи тиҷоратро ба маҳаллисозии истеҳсолот, шарикии технологӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ мебинем", - таъкид кард ӯ.Шавкат Мирзиёев автоматикунонии саноатӣ ва робототехника, истеҳсоли ҷузъҳои энергетикӣ ва технологияҳои сарфаи обро ҳамчун самтҳои умедбахш муайян кард."Мо омодаем, ки дар Ӯзбекистон як дафтари муштараки лоиҳаи ҳамкорӣ таъсис диҳем, ки бо Комиссияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҳамчун як равзанаи ягона кор кунад, шариконро интихоб мекунад, ташаббусҳоро дастгирӣ намояд ва дар ҷалби маблағгузорӣ мусоидат кунад", - пешниҳод кард Шавкат Мирзиёев.
https://sputnik.tj/20260526/tojikiston-uzbekiston-qazoqiston-rejai-kori-obanbor-bahri-tojik-1077826166.html
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/04/11/1062515478_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_b75f918ed4c62bd56302550e7ba3ba43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
узбекистон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, мирзиёев
узбекистон, ииао, авруосиё, ҳамкорӣ, иқтисод, мирзиёев
Мирзиёев: Узбекистон ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ИИАО-ро тақвият медиҳад
Раисҷумҳури Узбекистон гуфт, ки кишвараш ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро бо кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 30 мая - Sputnik. Узбекистон ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи иқтисодиро бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) рушд медиҳад, эълон кард президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев.
"Барои Узбекистон густариши ҳамкориҳои амалӣ бо кишварҳои ИИАО самти асосии сиёсати иқтисодии хориҷӣ боқӣ мемонад. Имрӯз ҳамкории мо бо кишварҳои иттиҳод ба шарикии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ табдил ёфтааст", - гуфт Мирзиёев зимни ҷаласаи васеъи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Остона.
Барои рушди ояндаи ҳамкорӣ, Президенти Узбекистон бар он ақида аст, ки оғоз кардани ташаккули фазои ягонаи рақамӣ барои тиҷорати бе монеа ва додани такони нав ба ҳамкории саноатӣ муҳим аст.
"Мо таваҷҷӯҳи афзояндаи тиҷоратро ба маҳаллисозии истеҳсолот, шарикии технологӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ мебинем", - таъкид кард ӯ.
Шавкат Мирзиёев автоматикунонии саноатӣ ва робототехника, истеҳсоли ҷузъҳои энергетикӣ ва технологияҳои сарфаи обро ҳамчун самтҳои умедбахш муайян кард.
"Мо омодаем, ки дар Ӯзбекистон як дафтари муштараки лоиҳаи ҳамкорӣ таъсис диҳем, ки бо Комиссияи иқтисодии Авруосиё (ИИАО) ҳамчун як равзанаи ягона кор кунад, шариконро интихоб мекунад, ташаббусҳоро дастгирӣ намояд ва дар ҷалби маблағгузорӣ мусоидат кунад", - пешниҳод кард Шавкат Мирзиёев.