Дар Мастчоҳ ҶСК Саидхоҷа Урунхоҷаев аз андоз қарздор шуд

© Sputnik / Стас ЭтвешФонтаны на территории дворца Арбоб
Фонтаны на территории дворца Арбоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Обуна шудан
Яке аз хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ва пахтакори вилояти Суғд - ҶСК С. Урунхоҷаев аз наздик ба 1 миллион сомонӣ қарзи андоз доштааст
ДУШАНБЕ, 15 мая - Sputnik. Мақомоти Кумитаи андоз мегӯянд, ки яке аз масъалаҳое, ки онҳоро имрӯз ба ташвиш овардааст, афзоиши бақияи қарзи андозҳо мебошад.
Ба ҳамин хотир Кумитаи андози Тоҷикистон бо мақсади рӯёнидани бақияи қарзи андозҳо, чанде қабл, Гурӯҳи кории ташкил кард ва ин гурӯҳ ахиран ба ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд сафарбар гардид.
Тибқи иттилои Кумита ба санаи 1 марти соли 2026, бақияи қарзи андозҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, дар маҷмуъ, 20715,3 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба аввали соли 2026 ба андозаи 271,7 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Ба иттилои Кумитаи андоз, аз маблағи умумии бақияпулиҳои андоз, ки 20715,3 ҳазор сомониро ташкил менамояд, 11955,3 ҳазор сомонӣ ё худ 20 %-и онро андози иҷтимоӣ ташкил медиҳад.
Кумитаи андоз қайд кардааст, ки қисми зиёди маблағи бақияи қарзи андозҳо, асосан, ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Мастчоҳ (5401,4 ҳазор сомонӣ) рост меоянд
Ҳамчунин дигар корхонаву ширркаҳо низ дар назди андоз қарздор будаанд аз ҷумла:
ҶСК “Ҳасани Абдулов” - 2912,4 ҳазор сомонӣ,
ҶДММ “Ширкати бисёрсоҳавии истеҳсоли сохтмонии МБИС” - 2208,2 ҳазор сомонӣ,
ҶСК ба номи “С аидоҷа Урунхоҷаев” - 878,9 ҳазор сомонӣ,
Ширкати “Роҳсозон” - 546,6 ҳазор сомонӣ
ҶДММ “Зарнишон” - 412,5 ҳазор сомонӣ.
 Заседание Правительства Республики Таджикистан.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2026
Афзоиши бақияпулиҳои андоз дар Тоҷикистон Раҳмонро нигарон кардааст
Қайд карда шудааст, ки дар давраи фаъолияти гурӯҳ, бо 11 адад муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ, ки аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи умумии 49,8 ҳазор сомонӣ қарздоранд бо мақсади муайян намудани дурустии бақияи қарзи андози иҷтимоии буҷетӣ бо ҳамаи муассисаву ташкилотҳои буҷетӣ санадҳои муқоисавии дуҷониба тартиб дода шудаанд.
Дар натиҷа, дар ин давра бақияи қарзашон пурра ба буҷет ворид карда шудааст.
Ҳамчунин дар ин давра бақияи қарзи 528 андозсупоранда ба маблағи 251,5 ҳазор сомонӣ маҷбуран ситонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0