“Душанбе-Маскав”: нархи билет чанд аст?

© Foto / Министерство транспорта в РТПоезд в Таджикистане, архивное фото
Поезд в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Қатори мусофирбарии Москва — Душанбе пас аз панҷ сол дубора фаъолияти худро аз сар мегирад
ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Рафтуомади ин масири роҳи оҳан дар соли 2020 ба далели ҳамагирии коронавирус мутаваққиф шуда буд.
Дар “Роҳи оҳани Тоҷикистон” бо таъйиди ин хабар ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ки нахустин сафари ин қатор 21 июн анҷом хоҳад шуд.
“Ин қатор ҳар ду ҳафта як бор ҳаракат хоҳад кард ва муддати сафар тақрибан чаҳор шабонарӯз хоҳад буд”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, муддати сафари ин қатор тақрибан чаҳор шабонарӯз хоҳад буд.
“Ҳаракати қатор аз истгоҳи шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шуда, то истгоҳи Казанскии шаҳри Москва пешбинӣ шудааст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, қимати роҳкиори қатори “Душанбе-Москва” 2 ҳазору 650 сомонӣ тариқи вагони пласкарт ва ҳудуди 3000 сомонӣ тариқи вагони куперо ташкил мекунад.
Поезда на платформе Казанского вокзала в Москве.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2026
Қатораи мусофирбари мустақими "Маскав-Душанбе" пас аз 6 сол дубора ҳаракат хоҳад кард
“Ин аз нархҳои қатори ”Душанбе Волгоград” фарқ мекунад, ки билети вагони платскарт як ҳазору 540 сомонӣ ва купе аз ду ҳазор сомонӣ сомонӣ зиёд аст”, - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, дар ҳоли ҳозир дар як ҳафта аз Тоҷикистон 3 қатор аз шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд ба Волгоград ва ҳар ҳафта як қатор аз Душанбе ба Тошканд ҳаракат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0