Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Валенса дигар Зеленскийро тарафдорӣ намекунад

© Sputnik / Алексей ВитвицкийБывший президент Польши Лех Валенса.
Бывший президент Польши Лех Валенса.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Обуна шудан
Лех Валенса эълон кард, ки дигар Зеленскийро аз сабаби эҳтиромгузорӣ ба нозиҳо дастгирӣ намекунад
ДУШАНБЕ, 29 мая - Sputnik. Раисҷумҳури собиқи Лаҳистон ва барандаи ҷоизаи Нобел Лех Валенса эълон кард, ки дигар аз Владимир Зеленский пуштибонӣ намекунад.
Рӯзи душанбе дар вилояти Киев Зеленский дар маросими дафни дубораи боқимондаҳои яке аз раҳбарони Созмони миллатгароёни украинӣ (OUN*) Андрей Мелник иштирок кард.
"Бо эҳтиром ба роҳзанҳои Артиши шӯришиёни Украина, ӯ маро ва ҳамаи ҳамватанони кушташудаи моро захмӣ кард. Дар робита ба ин, ман парчами Украинаро аз синаам бардоштам", - навиштааст Валенса дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ, Валенса бо нишони сарисинагии калони мудаввар бо рангҳои парчами Украина дар назди мардум ҳозир шуд.
Тавре ки “Страна.ua” хабар дод, режими Киев метавонад шахсиятҳои мӯҳтарамро дар Украина, аз ҷумла раҳбарони Созмони миллатгароёни украинӣ Степан Бандера ва Евгений Коновалец, дубора дафн кунад.
Премьер-министр Великобритании Кир Стармер и Владимир Зеленский на презентации украинских военных беспилотников в Киеве, Украина. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Песков: Аврупо наметавонад дар Украина ҳамчун миёнҷигар бошад
Артиши шӯришиёни Украина “УПА*” дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо фашистон ҳамкорӣ карда, бар зидди нерӯҳои шӯравӣ мубориза мебурд. Созмони миллатгароёни украинӣ ва Артиши шӯришиёни Украина барои ҷиноятҳои сершумор, аз ҷумла куштори оммавии аҳолии лаҳистонӣ дар Волин дар соли 1943, масъул аст. Ҳазорон украиниҳо низ, ки аз ҳамкорӣ бо миллатгароён саркашӣ карданд, ваҳшиёна кушта шуданд.
* Созмони экстремистӣ, ки дар Русия мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0