Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков: Аврупо наметавонад дар Украина ҳамчун миёнҷигар бошад

© AP / Efrem LukatskyПремьер-министр Великобритании Кир Стармер и Владимир Зеленский на презентации украинских военных беспилотников в Киеве, Украина.
Премьер-министр Великобритании Кир Стармер и Владимир Зеленский на презентации украинских военных беспилотников в Киеве, Украина. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2026
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳари Русия гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо тарафи низоъ дар Украина аст ва наметавонад ҳамчун миёнҷигар амал кунад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия, изҳор дошт, ки Аврупо айни замон яке аз тарафҳои низоъ дар Украина аст ва наметавонад дар ҳалли он ҳамчун миёнҷигар амал кунад.
"Айни замон Аврупо яке аз тарафҳои низоъ дар тарафи Украина аст. Дар хотир доред, ки силоҳҳои аврупоӣ мустақиман ба тарафи шилик мекунанд ва инро нодида гирифтан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, дар ин мақом, Аврупо наметавонад даъвои миёнаравӣ кунад", - гуфт Песков ба хабарнигорон.
Вай дар ин бора дар посух ба саволу гуфт, ки оё Маскав Аврупоро ҳамчун як тарафи низоъ дар Украина мешуморад ё на.
Флаги Европейского союза перед штаб-квартирой ЕС в Брюсселе во вторник, 4 ноября 2025 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Комиссияи Аврупо пайвастани Украина ба Иттиҳод дар солҳои наздик ғайриимкон медонад
Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё Русия аз миёнаравӣ даст мекашад, агар Аврупо пешниҳод кунад, ки дар низоъ миёнҷигарӣ кунад, Песков тасдиқ кард.
"Онҳо бо мо дар тарафи Украина меҷанганд", - гуфт котиби матбуотии президент.
Лентаи хабарҳо
0