https://sputnik.tj/20260529/rusiya-tojikiston-hamkori-bakhshi-tekhnologiya-raqami-1077907722.html
Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахши технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахши технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Sputnik Тоҷикистон
Тарафҳо инфрасохтори дахлдорро беҳтар карда, ҳамкориро дар соҳаи ҳуш маснуӣ ва амнияти киберӣ густариш медиҳанд
2026-05-29T13:41+0500
2026-05-29T13:41+0500
2026-05-29T13:41+0500
русия
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
рақамӣ
алоқа
технология
технологияи муосир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1d/1077907993_144:82:1016:573_1920x0_80_0_0_d1998a262d24938df269a4cb479edcb8.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Русия ва Тоҷикистон шарикии худро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия тақвият хоҳанд дод.Ин масъалаҳо зимни мулоқоти, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва ҳайати Русия бо ҳайати Русия таҳти роҳбарии Элдар Гайфутдинов – муовини сардори Раёсати маъмурияти Президенти Русия дар бораи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шуд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти гузариш ба низоми рақамӣ, ҳукумати электронӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуданд.Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосир барои рушди иқтисоди рақамӣ ва такмили хизматрасониҳои давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.Қайд карда шудааст, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таъкид намуданд.Қаблан Тоҷикистон лоиҳаи озмоиширо барои навсозии хизматрасонии давлатӣ оғоз карда буд.Тибқи гузоришҳо, дар доираи ин ташаббус, кишвар Портали ягона, платформаи бисёрфунксионалиро, ки шаҳрвандон метавонанд ба таври электронӣ ба хизматрасониҳои муҳим дастрасӣ пайдо кунанд, татбиқ мекунад.
https://sputnik.tj/20260521/uzbekiston-rusiya-bozdidi-sayyohon-khoriji-tojikiston-1077701710.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1d/1077907993_205:12:957:576_1920x0_80_0_0_97d95f612f7f928c32d6803b09901333.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, рақамӣ, алоқа, технология, технологияи муосир
русия, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, рақамӣ, алоқа, технология, технологияи муосир
Русияву Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахши технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
Тарафҳо инфрасохтори дахлдорро беҳтар карда, ҳамкориро дар соҳаи ҳуш маснуӣ ва амнияти киберӣ густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Русия ва Тоҷикистон шарикии худро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия тақвият хоҳанд дод.
Ин масъалаҳо зимни мулоқоти, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Хуршед Мирзо ва ҳайати Русия бо ҳайати Русия таҳти роҳбарии Элдар Гайфутдинов – муовини сардори Раёсати маъмурияти Президенти Русия дар бораи рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шуд, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти гузариш ба низоми рақамӣ, ҳукумати электронӣ, зеҳни сунъӣ, амнияти киберӣ ва рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аз рушди ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак, табодули таҷриба ва истифодаи технологияҳои муосир барои рушди иқтисоди рақамӣ ва такмили хизматрасониҳои давлатӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Қайд карда шудааст, ки дар ин вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои амалӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак дар соҳаи технологияҳои рақамӣ таъкид намуданд.
Қаблан Тоҷикистон лоиҳаи озмоиширо барои навсозии хизматрасонии давлатӣ оғоз карда буд.
Тибқи гузоришҳо, дар доираи ин ташаббус, кишвар Портали ягона, платформаи бисёрфунксионалиро, ки шаҳрвандон метавонанд ба таври электронӣ ба хизматрасониҳои муҳим дастрасӣ пайдо кунанд, татбиқ мекунад.