https://sputnik.tj/20260521/uzbekiston-rusiya-bozdidi-sayyohon-khoriji-tojikiston-1077701710.html
Узбекистону Русия пешсафанд: Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёфт
Узбекистону Русия пешсафанд: Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Агнетии омомри Тоҷикистон дар моҳҳои январ–марти соли равон беш аз 439 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
2026-05-21T11:41+0500
2026-05-21T11:41+0500
2026-05-21T11:41+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
гардишгарӣ
идм
русия
узбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/38/1028963832_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_188b1e76e6dffb21f5c1d3e2cfa01528.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мая - Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун — аз ҷумла сафарҳои хизматӣ, истироҳатӣ ва дигар ҳадафҳо ба кишвар ташриф овардаанд, ба 439,4 ҳазор нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70,7 ҳазор нафар ё 19,2% зиёд мебошад.Тавре ин ниҳод хабар додааст аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда, 371,3 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,9% зиёд мебошад.Ба иттилои Агентӣ қисми зиёди меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омадаанд.Дар се моҳи аввали соли 2026 шумораи онҳо 406,6 ҳазор нафарро ташкил намуда, 92,5 фоизи шумораи умумии воридшудагонро дар бар мегирад. Аз ин шумора 344,2 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.Дар баробари ин, шумораи шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур низ тамоюли афзоишро нигоҳ доштааст.Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 аз давлатҳои хориҷи дур 32,8 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 27,1 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мегарданд.Миқдори зиёди сайёҳон аз Чин ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо 11,7 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳамчунин аз Афғонистон 5,1 ҳазор нафар, Эрон 2,4 ҳазор нафар, ИМА 2,1 ҳазор нафар ва Туркия 1,6 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ворид шудаанд.Ба ҳолати 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 191 ширкати сайёҳии ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20260520/osorkhonai-tarikhii-sugd-tavajjuh-sayyohon-jalb-1077685633.html
русия
узбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/38/1028963832_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_b2e484db1a83220d448a43f15fa44622.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , гардишгарӣ, идм, русия, узбекистон
дар тоҷикистон, сайёҳӣ , гардишгарӣ, идм, русия, узбекистон
Узбекистону Русия пешсафанд: Боздиди сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон афзоиш ёфт
Агнетии омомри Тоҷикистон дар моҳҳои январ–марти соли равон беш аз 439 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд
ДУШАНБЕ, 21 мая - Sputnik. Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун — аз ҷумла сафарҳои хизматӣ, истироҳатӣ ва дигар ҳадафҳо ба кишвар ташриф овардаанд, ба 439,4 ҳазор нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70,7 ҳазор нафар ё 19,2% зиёд мебошад.
Тавре ин ниҳод хабар додааст аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда, 371,3 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,9% зиёд мебошад.
Ба иттилои Агентӣ қисми зиёди меҳмонони хориҷӣ ба Тоҷикистон аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил омадаанд.
Дар се моҳи аввали соли 2026 шумораи онҳо 406,6 ҳазор нафарро ташкил намуда, 92,5 фоизи шумораи умумии воридшудагонро дар бар мегирад. Аз ин шумора 344,2 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.
“Миёни давлатҳои ИДМ ҳиссаи бештар ба Ӯзбекистон рост омада, аз ин кишвар 247,1 ҳазор нафар ё 56,2% шумораи умумии воридшудагон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Русия бо 104,7 ҳазор нафар дар ҷойи дуюм қарор дошта, ҳиссаи он 23,8%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин аз Қирғизистон 40 ҳазор нафар, Қазоқистон 10,7 ҳазор нафар ва Туркманистон 1,9 ҳазор нафар вориди Тоҷикистон гардидаанд”, - иттилоъ додааст ин ниҳоди давлатӣ.
Дар баробари ин, шумораи шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур низ тамоюли афзоишро нигоҳ доштааст.
Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 аз давлатҳои хориҷи дур 32,8 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 27,1 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мегарданд.
Миқдори зиёди сайёҳон аз Чин ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо 11,7 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳамчунин аз Афғонистон 5,1 ҳазор нафар, Эрон 2,4 ҳазор нафар, ИМА 2,1 ҳазор нафар ва Туркия 1,6 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ворид шудаанд.
Ба ҳолати 1 апрели соли равон дар ҷумҳурӣ 191 ширкати сайёҳии ба қайд гирифта шудааст.