https://sputnik.tj/20260528/novobasta-jang-taboduli-kolo-tojikistonu-eron-afzoish-1077867788.html
Новобаста аз ҷанг табодули коло миёни Тоҷикистону Эрон 8% афзоиш ёфт
Новобаста аз ҷанг табодули коло миёни Тоҷикистону Эрон 8% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Эронро муҳимтарин шарики Тоҷикистон дар минтақа номид ва ба рушди ҳамкориҳои технологӣ ва энергетикӣ бар пояи муштаракоти таърихӣ таъкид кард
2026-05-28T09:36+0500
2026-05-28T09:36+0500
2026-05-28T09:36+0500
эрон
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
иқтисод
тиҷорат
табодули мол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_0:283:3065:2007_1920x0_80_0_0_c9b5e01d98f78607c5c8ce9a789429b4.jpg
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар 18-умин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, гуфт ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо Эрон судманд арзёбӣ кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон Эронро яке аз муҳимтарин шарикони худ дар минтақа ва ҷаҳон медонад.“Итирокоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ барои ду кишвар заминаро барои ҳамкории судманд дар соҳаҳои технология, саноат, энергетика ва бисёр мавзӯъҳои дигар фароҳам овардаанд.Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо ишора ба омори расмӣ қайд кард, ки ҳаҷми тиҷорати байни Эрон ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.Вай ҳамчунин афзуд, ки Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд дорандВай илова кард, ки густариши ин тиҷорат боиси амнияти бештари иқтисодӣ ва рушди ҳарду кишвар хоҳад шуд.Дар ҳамин ҳол, вазири неруи Эрон Аббос Алиободӣ афзуд, ки рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва мусалмон ҳамеша дар авлавиятҳои стратегии мақомоти Эрон қарор дошт, ки дар байни онҳо Тоҷикистон мақоми хос дорад.Вазири эронӣ бо ишора ба имкониятҳои ҳамкории ду кишвар гуфт, ки афзоиши имкониятҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар, бахусус дар соҳаи содироти хидматрасонии техникӣ ва муҳандисӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ мебошанд.
https://sputnik.tj/20260527/rahmon-idi-qurbon-mardumi-eron-sulh-oromi-peshraft-orzu-1077854448.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/1b/1075624232_334:0:3065:2048_1920x0_80_0_0_0a631e54b9fcb300263622f03a6a74e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, табодули мол
эрон, дар тоҷикистон, ҳамкорӣ, иқтисод, тиҷорат, табодули мол
Новобаста аз ҷанг табодули коло миёни Тоҷикистону Эрон 8% афзоиш ёфт
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Эронро муҳимтарин шарики Тоҷикистон дар минтақа номид ва ба рушди ҳамкориҳои технологӣ ва энергетикӣ бар пояи муштаракоти таърихӣ таъкид кард
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар 18-умин ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории Эрон ва Тоҷикистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, гуфт ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо Эрон судманд арзёбӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Вай таъкид кард, ки Тоҷикистон Эронро яке аз муҳимтарин шарикони худ дар минтақа ва ҷаҳон медонад.
“Итирокоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ барои ду кишвар заминаро барои ҳамкории судманд дар соҳаҳои технология, саноат, энергетика ва бисёр мавзӯъҳои дигар фароҳам овардаанд.
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо ишора ба омори расмӣ қайд кард, ки ҳаҷми тиҷорати байни Эрон ва Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.
“Дар се моҳи аввали соли2026 гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар119,6 миллион долларроташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,9 миллион доллар ё 8 фоиз афзоиш ёфтааст”, - гуфт Далер Ҷумъа.
Вай ҳамчунин афзуд, ки Эрон яке аз шарикони муҳими иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни ду кишвар дар солҳои охир тамоюли рӯ ба рушд доранд
Вай илова кард, ки густариши ин тиҷорат боиси амнияти бештари иқтисодӣ ва рушди ҳарду кишвар хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, вазири неруи Эрон Аббос Алиободӣ афзуд, ки рушди муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя ва мусалмон ҳамеша дар авлавиятҳои стратегии мақомоти Эрон қарор дошт, ки дар байни онҳо Тоҷикистон мақоми хос дорад.
Вазири эронӣ бо ишора ба имкониятҳои ҳамкории ду кишвар гуфт, ки афзоиши имкониятҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар, бахусус дар соҳаи содироти хидматрасонии техникӣ ва муҳандисӣ, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ мебошанд.