https://sputnik.tj/20260527/rahmon-idi-qurbon-mardumi-eron-sulh-oromi-peshraft-orzu-1077854448.html
Раҳмон дар Иди Қурбон ба мардуми Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд
Раҳмон дар Иди Қурбон ба мардуми Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар суҳбати телефонӣ рауасои ҷумҳури Тоҷикистону Эрон аз густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ таъкид карданд
2026-05-27T12:41+0500
2026-05-27T12:41+0500
2026-05-27T12:41+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
иди қурбон
эмомалӣ раҳмон
масъуд пизишкиён
сиёсат
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/18/1064458261_0:208:1867:1258_1920x0_80_0_0_0f4fac5ae5e88818eb12d2cd871db97d.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш Масъуди Пизишкиён ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён як дигарро ба муносибати Иди мубораки Қурбон табрик карданд.Кишвардори Тоҷикистон ба ба ҳамтои эрониаш таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намудааст.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд.Президенти Тоҷикистон ҷараёни мусбати имрӯзаи густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро таъкид кард.Ҳамзамон, президентҳо дар бораи масоилди алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи ҷорӣ дар минтақаи Халиҷи Форс мубодилаи афкор карданд.Дар ин замина раҳбари Тоҷикистон бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед намуд.Дар ҳамин ҳол ба иттилои мақомоти Эрон, Масъуд Пеззекиён дар суҳбати телефонӣ бо Эмомоалӣ Раҳмон Иди Қурбонро рамзи ҳамдардӣ, бародарӣ ва тақвияти ваҳдат байни миллатҳои мусалмон номид ва изҳори умедворӣ кард, ки баракати ин ид смувоҷиби густариши сулҳ, оромӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷаҳони ислом шавад.Пеззекиён дар идома аз паёмҳои нек ва изҳори ҳамдардӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон пас аз шаҳодати раҳбар ва ҷамъи аз мақомот ва шахсиятҳои эронӣ қадрдонӣ кард ва ин мавқеъҳоро нишондиҳандаи муносибатҳои амиқ, таърихӣ ва бародарона байни ду миллат донист.Раисҷумҳур инчунин ба муносибатҳои густариши байни Теҳрон ва Душанбе ишора кардд.Ба иттилои мақомоти Эрон, дар суҳбати телефонӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ҳамлаҳои низомиро бар зидди Эрон хилофи принсипҳо ва қонунҳои байналмилалӣ донист ва ба пуштибонии кишвараш аз мавқеъи Эрон таъкид кард.Бо ишора ба раванди музокироти марбут ба Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ин равандро умедбахш арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар минтақа ва Халиҷи Форс тақвият хоҳад ёфт.Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш аз хисороте, ки ба марказҳои фарҳангӣ ва таърихӣ расонида шудааст, изҳори таассуф кардааст.
https://sputnik.tj/20260527/eron-tajriba-sohahoi-obu-energetika-tojikiston-mubodila-1077830775.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/55569
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/18/1064458261_114:0:1933:1364_1920x0_80_0_0_b44ece8170613075a0a30abce30f115c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иди қурбон, эмомалӣ раҳмон, масъуд пизишкиён, сиёсат , равобит
дар тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, иди қурбон, эмомалӣ раҳмон, масъуд пизишкиён, сиёсат , равобит
Раҳмон дар Иди Қурбон ба мардуми Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзу намуд
Дар суҳбати телефонӣ рауасои ҷумҳури Тоҷикистону Эрон аз густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олӣ таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш Масъуди Пизишкиён ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар оғози суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Масъуди Пизишкиён як дигарро ба муносибати Иди мубораки Қурбон табрик карданд.
Кишвардори Тоҷикистон ба ба ҳамтои эрониаш таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳо хоста, ба тамоми мардуми Эрон сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии бардавом орзу намудааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо, ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунпаҳлӯи Тоҷикистону Эронро баррасӣ карданд.
Президенти Тоҷикистон ҷараёни мусбати имрӯзаи густариши робитаҳои ду кишвар ва аҳаммияти муколамаи пайвастаи сатҳи олиро таъкид кард.
Ҳамзамон, президентҳо дар бораи масоилди алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи ҷорӣ дар минтақаи Халиҷи Форс мубодилаи афкор карданд.
Дар ин замина раҳбари Тоҷикистон бо ибрози қаноатмандӣ аз раванди музокироти сулҳомез дар ин ҷода барои ҳаллу фасли мушкилоти мавҷудаи минтақа танҳо бо роҳҳои сиёсӣ, тавассути муколамаи созанда изҳори умед намуд.
Дар ҳамин ҳол ба иттилои мақомоти Эрон, Масъуд Пеззекиён дар суҳбати телефонӣ бо Эмомоалӣ Раҳмон Иди Қурбонро рамзи ҳамдардӣ, бародарӣ ва тақвияти ваҳдат байни миллатҳои мусалмон номид ва изҳори умедворӣ кард, ки баракати ин ид смувоҷиби густариши сулҳ, оромӣ ва ҳамбастагӣ дар ҷаҳони ислом шавад.
Пеззекиён дар идома аз паёмҳои нек ва изҳори ҳамдардӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон пас аз шаҳодати раҳбар ва ҷамъи аз мақомот ва шахсиятҳои эронӣ қадрдонӣ кард ва ин мавқеъҳоро нишондиҳандаи муносибатҳои амиқ, таърихӣ ва бародарона байни ду миллат донист.
Раисҷумҳур инчунин ба муносибатҳои густариши байни Теҳрон ва Душанбе ишора кардд.
“Эрон омода аст, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, бахусус дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва фарҳангӣ, минбаъд низ рушд диҳад”, - гуфт Пизишкиён.
Ба иттилои мақомоти Эрон, дар суҳбати телефонӣ раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин ҳамлаҳои низомиро бар зидди Эрон хилофи принсипҳо ва қонунҳои байналмилалӣ донист ва ба пуштибонии кишвараш аз мавқеъи Эрон таъкид кард.
Бо ишора ба раванди музокироти марбут ба Эрон, Эмомалӣ Раҳмон ин равандро умедбахш арзёбӣ кард ва изҳори умедворӣ кард, ки сулҳу субот дар минтақа ва Халиҷи Форс тақвият хоҳад ёфт.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар суҳбати телефонӣ бо ҳамтои эрониаш аз хисороте, ки ба марказҳои фарҳангӣ ва таърихӣ расонида шудааст, изҳори таассуф кардааст.