Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Намояндаи Конгреси Амрико Зеленскийро монеа дар роҳи сулҳ дар Украина номид

© REUTERS /Thilo SchmuelgenВладимир Зеленский и министр обороны Германии Борис Писториус во время Мюнхенской конференции по безопасности.
Владимир Зеленский и министр обороны Германии Борис Писториус во время Мюнхенской конференции по безопасности. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2026
Обуна шудан
Намояндаи конгреси ИМА Паулина Луна гуфт, ки Зеленский монеа дар роҳи сулҳ дар Украина аст
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Намояндаи конгресси ИМА Анна Паулина Луна изҳор дошт, ки Владимир Зеленский намехоҳад низоъ дар Украина хотима ёбад, балки баракс ӯ ба ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина монеъ шудааст.
Ҷавоби Луна пас аз паёми Зеленский дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст.
Вай навишт, ки дирӯз номае дар бораи афзоиши таъмини мушакҳо барои падофанди ҳавоӣ ба президенти ИМА Доналд Трамп ва Конгресси ИМА супорида шудааст.
Қайд карда шудааст, ки имрӯзҳо дар Украина норасоии шадиди системаҳо ва мушакҳои падофанди ҳавоӣ мушоҳида мешавад.
"Шумо монеъи созишномаи сулҳ ҳастед, Владимир. Вақти он расидааст, ки онро қабул кунед”, - навиштааст Конгрессмен дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
ВУХ Русия: Украина дар Африқо аз террористон пуштибонӣ мекунад
Вай инчунин ба ӯ хотиррасон кард, ки илова бар даст кашидан аз интихобот, Зеленский қаблан маблағҳои ҷудокардаи Вашингтонро барои маъракаи Ҷо Байден равона карда буд.
Трамп қаблан иддао карда буд, ки Иёлоти Муттаҳида фиристодани кумаки мустақими низомиро ба Украина қатъ кардааст ва ба ҷои он силоҳи НАТО-ро мефурӯшад, ки баъдан онро шарикон ба Киев мефиристад.
Русия бовар дорад, ки таъмини силоҳ ба Украина монеъи ҳалли низоъ шуда, кишварҳои НАТО-ро мустақиман ба низоъ ҷалб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0