https://sputnik.tj/20260520/istehsoli-sement-tojikiston-afzoish-1077679706.html
Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 9,4% афзоиш ёфт
Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 9,4% афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли масолеҳи асосии сохтмонӣ хабар дода
2026-05-20T12:22+0500
2026-05-20T12:22+0500
2026-05-20T14:57+0500
дар тоҷикистон
семент
истеҳсол
саноат
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077680032_0:309:2963:1976_1920x0_80_0_0_2a198bb0aa5416bf05e77bfb6dfe7f66.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар моҳҳои январ–апрели соли 2026 истеҳсоли як қатор масолеҳи асосии сохтмонӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 афзоиш ёфт.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои Агентӣ истеҳсоли семент ба 1 миллиону 546,1 ҳазор тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,4% зиёд гардид.Ҳамчунин агентӣ хабар дод, ки истеҳсоли хишти бинокорӣ то 74,5 миллион дона афзуда, дар муқоиса бо чор моҳи аввали соли гузашта қариб 1,8 баробар бештар шуд.Таъкид шудааст, ки истеҳсоли бетони сохтмонӣ низ зиёд гардида, ба 236,7 ҳазор метри мукааб расид, ки нисбат ба соли гузашта 29% афзоишро ташкил медиҳад.Агентии омори кишвар таъкид кардааст, ки истеҳсоли арматураи сохтмонӣ ба 6 миллиону 503,3 тонна расида, нисбати давраи зикршудаи соли қаблӣ 9,7% зиёд шуд.Ба гуфтаи манбаъ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти мазкур нишон медиҳад, ки соҳаи сохтмон дар кишвар рушд ёфта истодааст.
https://sputnik.tj/20221120/parlumon-korkhonai-sementbarori-tojikiston-1052948811.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077680032_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_a058365c4f020965b55d4d3b13472b57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, семент, истеҳсол, саноат, омор
дар тоҷикистон, семент, истеҳсол, саноат, омор
Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон 9,4% афзоиш ёфт
12:22 20.05.2026 (Навсозишуда: 14:57 20.05.2026) Агентии омори Тоҷикистон аз афзоиши истеҳсоли масолеҳи асосии сохтмонӣ хабар дода
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар моҳҳои январ–апрели соли 2026 истеҳсоли як қатор масолеҳи асосии сохтмонӣ дар кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 афзоиш ёфт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ истеҳсоли семент ба 1 миллиону 546,1 ҳазор тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 9,4% зиёд гардид.
Ҳамчунин агентӣ хабар дод, ки истеҳсоли хишти бинокорӣ то 74,5 миллион дона афзуда, дар муқоиса бо чор моҳи аввали соли гузашта қариб 1,8 баробар бештар шуд.
Таъкид шудааст, ки истеҳсоли бетони сохтмонӣ низ зиёд гардида, ба 236,7 ҳазор метри мукааб расид, ки нисбат ба соли гузашта 29% афзоишро ташкил медиҳад.
Агентии омори кишвар таъкид кардааст, ки истеҳсоли арматураи сохтмонӣ ба 6 миллиону 503,3 тонна расида, нисбати давраи зикршудаи соли қаблӣ 9,7% зиёд шуд.
Ба гуфтаи манбаъ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти мазкур нишон медиҳад, ки соҳаи сохтмон дар кишвар рушд ёфта истодааст.