https://sputnik.tj/20260527/vazir-jomeai-jahoni-mablaghguzori-iqlimi-kuhistoni-gustarish-1077858896.html
Вазир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои кӯҳистониро густариш диҳед
Вазир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои кӯҳистониро густариш диҳед
Sputnik Тоҷикистон
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ оид ба мониторинги пиряхҳодаъват кард
2026-05-27T16:41+0500
2026-05-27T16:41+0500
2026-05-27T16:41+0500
дар тоҷикистон
далер ҷумъа
вазорати энергетика ва захираҳои об
муҳити зист
пирях
обшавии пиряхҳо
захираҳои об
энергетика
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1a/1073263799_0:24:2048:1176_1920x0_80_0_0_bf81c1af9a14a9e5b06dc08584e57eb0.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ахиран дар ҷаласаи мавзуии "Об барои сайёра – аз пиряхҳо ва манбаъҳо то баҳр: таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳо ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об" таъкид кард, ки барои Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.Вай гуфт, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва то 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд.Далер Ҷумъа ҳамчунин таъкид кард, ки барои муқовимат ба мушкилоти марбут ба обу иқлим зарурати татбиқи низоми ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об ба миён омадааст.Вай ҳамоҳангсозии бахшҳои об, энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳҳои миллӣ ва фаромарзӣ муҳим донист.Вазири энергетика ва захираҳои об, инчунин ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ оид ба мониторинги пиряхҳо, густариши маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои кӯҳистонӣ ва болооб, рушди низомҳои огоҳсозии бармаҳал, барқарорсозии экосистемаҳои ҳавзаҳои дарё ва тақвияти ҳамкориҳои фарогир даъват намуд.Далер Ҷумъа таъкид кард, ки ҳифзи пиряхҳо маънои ҳифзи ояндаро дорад ва сармоягузорӣ ба соҳаи об – сармоягузорӣ ба башарият мебошад.
https://sputnik.tj/20260526/rahmon-aholii-tojikiston-ob-tamin-1077822600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0b/1a/1073263799_114:0:1934:1365_1920x0_80_0_0_174b226af9077967334e6cb475ba8c74.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, далер ҷумъа, вазорати энергетика ва захираҳои об, муҳити зист, пирях, обшавии пиряхҳо, захираҳои об, энергетика
дар тоҷикистон, далер ҷумъа, вазорати энергетика ва захираҳои об, муҳити зист, пирях, обшавии пиряхҳо, захираҳои об, энергетика
Вазир ба ҷомеаи ҷаҳонӣ: Маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои кӯҳистониро густариш диҳед
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ оид ба мониторинги пиряхҳодаъват кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ахиран дар ҷаласаи мавзуии "Об барои сайёра – аз пиряхҳо ва манбаъҳо то баҳр: таҳкими устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи экосистемаҳо ва идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об" таъкид кард, ки барои Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад.
Вай гуфт, ки Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва то 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар қаламрави он ташаккул меёбанд.
“Дар ин замина, пиряхҳо, дарёҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ на танҳо барои рушди устувори Тоҷикистон, балки барои амнияти озуқаворӣ, энергетикӣ ва муҳити зисти тамоми минтақа нақши муҳим доранд”, - гуфт ӯ.
Далер Ҷумъа ҳамчунин таъкид кард, ки барои муқовимат ба мушкилоти марбут ба обу иқлим зарурати татбиқи низоми ҳамгироёнаи идоракунии захираҳои об ба миён омадааст.
Вай ҳамоҳангсозии бахшҳои об, энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар сатҳҳои миллӣ ва фаромарзӣ муҳим донист.
Вазири энергетика ва захираҳои об, инчунин ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими ҳамкориҳои илмӣ оид ба мониторинги пиряхҳо, густариши маблағгузории иқлимӣ барои кишварҳои кӯҳистонӣ ва болооб, рушди низомҳои огоҳсозии бармаҳал, барқарорсозии экосистемаҳои ҳавзаҳои дарё ва тақвияти ҳамкориҳои фарогир даъват намуд.
Далер Ҷумъа таъкид кард, ки ҳифзи пиряхҳо маънои ҳифзи ояндаро дорад ва сармоягузорӣ ба соҳаи об – сармоягузорӣ ба башарият мебошад.