https://sputnik.tj/20260527/putin-idi-qurbon-reshahoi-islom-rahmat-davat-1077855283.html
Путин: Иди Қурбон муъминонро ба решаҳои Ислом бармегардонад ва ба раҳмат даъват мекунад
Путин: Иди Қурбон муъминонро ба решаҳои Ислом бармегардонад ва ба раҳмат даъват мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Русия гуфт, ки созмонҳои мусалмонӣ дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд
2026-05-27T12:47+0500
2026-05-27T12:47+0500
2026-05-27T12:47+0500
русия
дар русия
маскав
владимир путин
иди қурбон
паёми табрикотӣ
мусалмонон
ислом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077854274_0:0:2960:1665_1920x0_80_0_0_1dd1741673ea39d741098558a85b1482.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, таъкид кард, ки ин ҷашн муъминонро ба решаҳои таърихи Ислом бармегардонад ва ба раҳмат даъват мекунад."Мусулмонони Русияро бо фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям, Шумо бо риояи суннатҳо ва анъанаҳои чандинасраи аҷдодони худ ин иди қадимаро, ки мӯъминонро ба решаҳои Ислом бармегардонад ва ба меҳрубонӣ ва адолат, раҳмату покдинӣ даъват мекунад, ба таври васеъ ҷашн мегиред", - гуфта мешавад дар паёми табрикотии Путин ба мусалмонони Русия.Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин аз саҳми созмонҳои мусалмонӣ дар ваҳдати мардум, рушди муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳоро қайд кард.Путин таъкид кард, ки боиси хушнудӣ хондааст, ки ҳаёти уммати мусулмони кишвар, бо кору иқдоми нек, ташаббусҳои нав дар соҳаи фарҳанг, маориф ва маърифат ғанӣ мегардад.Ба гуфтаи президент, созмонҳои мусалмонӣ дар ҳаёти кишвар, дар татбиқи ташаббусҳои оммавии ватандӯстӣ, тарбиявӣ ва хайриявӣ ширкат меварзанд.Бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд, ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳанд, иштирокчиёну собиқадорони амалиёти вижаи низомиро дастгирӣ мекунанд, афзуд ӯ.Роҳбари Русия илова намуд, ки созмонҳои мусалмонӣ инчунин дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд.
https://sputnik.tj/20260527/idi-qurbon-rahmon-mardumi-tojik-sarfa-sarishtakori-1077838498.html
русия
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077854274_159:0:2890:2048_1920x0_80_0_0_1144b3a438a04b04769ad8ea70f9ee37.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, дар русия, маскав, владимир путин, иди қурбон, паёми табрикотӣ, мусалмонон, ислом
русия, дар русия, маскав, владимир путин, иди қурбон, паёми табрикотӣ, мусалмонон, ислом
Путин: Иди Қурбон муъминонро ба решаҳои Ислом бармегардонад ва ба раҳмат даъват мекунад
Роҳбари Русия гуфт, ки созмонҳои мусалмонӣ дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мусулмонони кишварро бо иди Қурбон табрик гуфта, таъкид кард, ки ин ҷашн муъминонро ба решаҳои таърихи Ислом бармегардонад ва ба раҳмат даъват мекунад.
"Мусулмонони Русияро бо фарорасии иди Қурбон самимона табрик мегӯям, Шумо бо риояи суннатҳо ва анъанаҳои чандинасраи аҷдодони худ ин иди қадимаро, ки мӯъминонро ба решаҳои Ислом бармегардонад ва ба меҳрубонӣ ва адолат, раҳмату покдинӣ даъват мекунад, ба таври васеъ ҷашн мегиред", - гуфта мешавад дар паёми табрикотии Путин ба мусалмонони Русия.
Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин аз саҳми созмонҳои мусалмонӣ дар ваҳдати мардум, рушди муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳоро қайд кард.
Путин таъкид кард, ки боиси хушнудӣ хондааст, ки ҳаёти уммати мусулмони кишвар, бо кору иқдоми нек, ташаббусҳои нав дар соҳаи фарҳанг, маориф ва маърифат ғанӣ мегардад.
Ба гуфтаи президент, созмонҳои мусалмонӣ дар ҳаёти кишвар, дар татбиқи ташаббусҳои оммавии ватандӯстӣ, тарбиявӣ ва хайриявӣ ширкат меварзанд.
Бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд, ба тарбияи насли наврас таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа медиҳанд, иштирокчиёну собиқадорони амалиёти вижаи низомиро дастгирӣ мекунанд, афзуд ӯ.
Роҳбари Русия илова намуд, ки созмонҳои мусалмонӣ инчунин дар мустаҳкам намудани иттиҳоди мардуми кишвар ҳифзи ваҳдати байни миллатҳо саҳми калон мегузоранд.