https://sputnik.tj/20260525/pulisi-dushanbe-volidon-ovoragardi-kudakon-id-qurbon-peshgiri-1077801524.html
Пулиси Душанбе аз волидон хост, ки аз оворагардии кӯдакон дар Иди Қурбон пешгирӣ кунанд
Пулиси Душанбе аз волидон хост, ки аз оворагардии кӯдакон дар Иди Қурбон пешгирӣ кунанд
Sputnik Тоҷикистон
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати волидайн чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд
2026-05-25T15:41+0500
2026-05-25T15:41+0500
2026-05-25T15:41+0500
дар тоҷикистон
вкд
душанбе
иди қурбон
идгардак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/59/1029625980_0:228:3000:1916_1920x0_80_0_0_ae644c3e969e5fae4f28f41a87228d14.jpg
ДУШАНБЕ, 25 мая - Sputnik. Раёсати ВКД дар Душанбе аз волидони хурдсолони пойтахт хост, ки тайи рӯзҳои таҷлил Иди Қурбон Аз беҳудагардӣ, шабгардӣ ва оворагардии кӯдакон пешгирӣ намуда, онҳоро ба иҷрои корҳои муфид ҷалб созанд.Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мутаассифона, дар заминаи беназоратӣ ва каммасъулиятии баъзе аз волидайн, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта мешаванд.Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда барои беэътиноӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ, инчунин нисбати шахсоне, ки ба талбандагӣ машғуланд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд.Таъкид шудааст, ки бо мақсади таъмини фазои орому идона ва пешгирии машғул шудани баъзе шаҳрвандон ба талбандагӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт рейду чорабиниҳои профилактикӣ пурзӯр карда мешаванд.Маврид ба зикр аст, ки Иди Қурбон соли 2026 ба 27 май рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.Дар ин бора ба Кумитаи дин хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шудааст.
https://sputnik.tj/20260525/id-nazdik-chorvo-qurboni-1077798235.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102962/59/1029625980_128:0:2795:2000_1920x0_80_0_0_9b42991538178d31aefbf688f1954f0f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вкд, душанбе, иди қурбон, идгардак
дар тоҷикистон, вкд, душанбе, иди қурбон, идгардак
Пулиси Душанбе аз волидон хост, ки аз оворагардии кӯдакон дар Иди Қурбон пешгирӣ кунанд
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати волидайн чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд.
ДУШАНБЕ, 25 мая - Sputnik. Раёсати ВКД дар Душанбе аз волидони хурдсолони пойтахт хост, ки тайи рӯзҳои таҷлил Иди Қурбон Аз беҳудагардӣ, шабгардӣ ва оворагардии кӯдакон пешгирӣ намуда, онҳоро ба иҷрои корҳои муфид ҷалб созанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ҳамасола дар рӯзҳои иду ҷашнҳо, махсусан Иди Рамазон ва Иди Қурбон, мутаассифона, дар заминаи беназоратӣ ва каммасъулиятии баъзе аз волидайн, ҳолатҳои садамаҳои нақлиётӣ, бедаракшавии кӯдакон ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бо иштироки ноболиғон ба қайд гирифта мешаванд.
"Бо дарназардошти ҳолатҳои мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо мақсади таъмини амнияти кӯдакон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо иштироки ноболиғон, аз волидайни наврасон даъват менамояд, ки дар рӯзҳои таҷлили Иди Қурбон фарзандони худро дуру дароз беназорат нагузоранд",- афзудааст манбаъ.
Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки дар сурати аз ҷониби ноболиғон содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ, нисбати волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда барои беэътиноӣ ва иҷро накардани уҳдадориҳои тарбиявӣ, инчунин нисбати шахсоне, ки ба талбандагӣ машғуланд, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида хоҳанд шуд.
Таъкид шудааст, ки бо мақсади таъмини фазои орому идона ва пешгирии машғул шудани баъзе шаҳрвандон ба талбандагӣ, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт рейду чорабиниҳои профилактикӣ пурзӯр карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Иди Қурбон соли 2026 ба 27 май рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Кумитаи дин хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шудааст.