Намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ: Баргузории ярмаркаи бузург дар Душанбе - видео

Обуна шудан
Дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Фестивали об дар Душанбе баргузор шуд
Дар Боғи фарҳангию фароғатии "Наврӯзгоҳ" дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028" Фестивали об баргузор шуд.
Дар фестивал аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ҳунарҳои мардумӣ ва санъати дастӣ, маҳсулоти саноатӣ, аз қабили кандакорӣ дар чӯб, ҷавоҳирот, атлас ва адрасбофӣ, сабадбофӣ, ҳунари зардӯзӣ, чакан, гулдӯзӣ, муҳрабофӣ, инчунин хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ — меваҳои тару тоза ва хушк ба намоиш гузошта шуд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон лаҳзаҳои ҷолиби ин намоишгоҳро сабт кард.
Инчунин дар доираи фестивал таҳти унвони "Об–манбаи ҳаёти инсоният" барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар бораи бӯҳрони шадиди об дар ояндаи наздик ҳушдор дод
Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028" аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар конфронс намояндагони сатҳи баланди ҳукуматҳо ва кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, молиявӣ, муассисаҳои таҳқиқотӣ ва таълимӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин созмонҳои занон, ҷавонон ва кӯдакон иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0