https://sputnik.tj/20260526/garonfurushi-nakuned-pulis-dushanbe-bozorho-reyd-1077805009.html
Гаронфурӯшӣ накунед: Пулиси Душанбе дар бозорҳо рейд мегузаронад
Гаронфурӯшӣ накунед: Пулиси Душанбе дар бозорҳо рейд мегузаронад
Sputnik Тоҷикистон
Ба тоҷирон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати сӯистифода аз вазъият ва гаронфурӯшӣ алайҳашон протоколҳои маҳмурӣ тартиб дода мешавад
2026-05-26T09:31+0500
2026-05-26T09:31+0500
2026-05-26T09:31+0500
дар тоҷикистон
иди қурбон
раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе
тоҷирон
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/03/1029070322_0:65:3001:1753_1920x0_80_0_0_ea4229a7528bf24beeb69c7997740a4b.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Аз фурӯшандагони бозорҳои Душанбе даъват шудааст, ки дар арафаи Иди Қурбон боинсоф бошанд ва даст ба гаронфурӯшӣ назананд.Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт дар иттилоияе ҳушдор додааст.Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар арафаи Иди Рамазон ва Иди Қурбон баъзе аз соҳибкорон ва фурӯшандагон инсофу виҷдонро канор гузошта, бо истифода аз талаботи зиёд ва ниёзмандии шаҳрвандон, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, дидаву дониста нархи маҳсулотро беасос баланд мебардоранд. Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли соҳибкорон, роҳбарони марказҳои савдо ва фурӯшандагони бозорҳо талаб менамояд, ки худсарона ва беасос нархи маҳсулотро баланд накунанд ва талаботи қонунгузориро риоя намоянд.Таъкид шудааст, ки бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт, дар остонаи таҷлили Иди Қурбон аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, фурӯшандагон ва шаҳрвандон баргузор гардида истодаанд.Ин ниҳод гуфтааст, ки дар дар сурати риоя накардани талабот, алайҳи шахсони қонунвайронкунанда мутобиқи талаботи моддаҳои 479, 555, 627 ва 633 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳанд шуд.Маврид ба зикр аст, ки Иди Қурбон соли 2026 ба 27 май рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.Дар ин бора ба Кумитаи дин хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шудааст.
https://sputnik.tj/20260525/pulisi-dushanbe-volidon-ovoragardi-kudakon-id-qurbon-peshgiri-1077801524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102907/03/1029070322_0:0:2671:2003_1920x0_80_0_0_ae6edc23fa4f93c3386fb4ed8c429e51.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иди қурбон, раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе, тоҷирон, бозор
дар тоҷикистон, иди қурбон, раёсати вкд ҷт дар шаҳри душанбе, тоҷирон, бозор
Гаронфурӯшӣ накунед: Пулиси Душанбе дар бозорҳо рейд мегузаронад
Ба тоҷирон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати сӯистифода аз вазъият ва гаронфурӯшӣ алайҳашон протоколҳои маҳмурӣ тартиб дода мешавад
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Аз фурӯшандагони бозорҳои Душанбе даъват шудааст, ки дар арафаи Иди Қурбон боинсоф бошанд ва даст ба гаронфурӯшӣ назананд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт дар иттилоияе ҳушдор додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамасола дар арафаи Иди Рамазон ва Иди Қурбон баъзе аз соҳибкорон ва фурӯшандагон инсофу виҷдонро канор гузошта, бо истифода аз талаботи зиёд ва ниёзмандии шаҳрвандон, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, дидаву дониста нархи маҳсулотро беасос баланд мебардоранд.
"Вале набояд фаромӯш кард, ки маблағе, ки бо роҳи мардумфиребӣ ва суиистифода аз эҳтиёҷоти мардум ба даст оварда мешавад, ҳеҷ гоҳ баракат нахоҳад дошт",- таъкид кардааст манбаъ.
Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бори дигар аз кулли соҳибкорон, роҳбарони марказҳои савдо ва фурӯшандагони бозорҳо талаб менамояд, ки худсарона ва беасос нархи маҳсулотро баланд накунанд ва талаботи қонунгузориро риоя намоянд.
Таъкид шудааст, ки бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозорҳо ва марказҳои савдои пойтахт, дар остонаи таҷлили Иди Қурбон аз ҷониби Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, рейду чорабиниҳои санҷишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо соҳибкорон, фурӯшандагон ва шаҳрвандон баргузор гардида истодаанд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки дар дар сурати риоя накардани талабот, алайҳи шахсони қонунвайронкунанда мутобиқи талаботи моддаҳои 479, 555, 627 ва 633 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколҳо тартиб дода шуда, чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки Иди Қурбон соли 2026 ба 27 май рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Кумитаи дин хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шудааст.