Таърихсозии бошгоҳи Турсунзода: "Регар-ТадАЗ" барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

© Foto / FC Regar-TadAZ TursunzodaЦеремония награждения команды "Регар-ТадАЗ"
Церемония награждения команды Регар-ТадАЗ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2026
Обуна шудан
Тими шаҳри Турсунзода борҳо ба ин ҷоиза наздик буд, аммо дар пайи омодагии қавӣ имсол тавонист бурдро аз ҳарифи деринааш бигирад.
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Бошгоҳи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода бори аввал дар таърихи мавҷудияти худ соҳиби Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Ин даста таҳти роҳбарии мураббии шинохта Алишер Тӯхтаев тими "Истиқлол"-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуда, ин ҷоизаро ба даст овард.
Ин вохӯрӣ, шоми 23 май дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуд.
Голҳои "Регар-ТадАЗ"-ро Азизбек Ҳайитов дар дақиқаи 7-ум ва Абдураҳмон Нозимов дар дақиқаи 31-ум ба самар расониданд.
Голи ягонаи "Истиқлол"-ро Муҳаммадҷон Раҳимов дар дақиқаи 50-юм зад.
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА як зина боло рафт
Беҳтарин бозигари Суперҷоми Тоҷикистон-2026 нимҳимоятгари "Регар-ТадАЗ" Абдураҳмон Нозимов дониста шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 низ ин дастаҳо дар финал барои ҷойи аввал рақобат карда буданд.
Он замон дар Суперҷоми Тоҷикистон "Истқилол" дар силсилаи пеналтӣ бар "Регар-ТвдАЗ" ғолиб омада, бори 13-ум унвони қаҳрамониро соҳиб шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0