Лоғару лангу бедандон ҷоиз нест: Кадом ҳайвонро қурбонӣ кардан мумкин аст?

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкЖертвенные животные на празднике Курбан-байрам в мечети Янъы Джами в городе Саки.
Жертвенные животные на празднике Курбан-байрам в мечети Янъы Джами в городе Саки.   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Обуна шудан
Иди Қурбон яке аз ду иди аслии мусалмонон аст, ки ҳар сол рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа фаро мерасаду ба таври густурда дар ҷаҳони ислом таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Иди Қурбон барои мусалмонҳо аз ибодати дастаҷамъии бомдодӣ ва дуо оғоз шуда, баъдан шодбошию қурбониҳо сурат мегиранд.
Тибқи ривоят, фариштае ба назди пайғамбар Иброҳим ҳзир шуд ва фармони Аллоҳро барои қурбон кардани писараш расонд. Паёмбар ба макони Маккаи имрӯза рафт ва омодагиро оғоз кард. Дар лаҳзаи охир, Аллоҳ иҷозат дод, ки ба ҷои ҷавон ҳайвонеро қурбонӣ кунад. Ин як санҷиши Худованд буд, ки паёмбараш бидуни шакке аз он гузашт.
Тибқи ривоят, ҳар як мусалмони тавоно бояд дар Иди Қурбон як гӯсфанд, як гов ё дигар чорворо қурбонӣ кунад.
Дар мавриди чорвое, ки бояд қурбонӣ карда шавад, шариати Ислом бархе талабот муқаррар кардааст. Sputnik Тоҷикистон дар арафаи иди муқаддас як ёдномаи муфидро дар бораи қурбонӣ тартиб додааст.
Қурбонӣ кардани чаҳор навъ ҳайвони ҳалоли хонагӣ ҷоиз аст. Аз ҷумла гӯсфанд, буз, гов ва шутур, фарқе намекунад, ки нарина бошад ё модина бошад, метавонанд қурбонӣ карда шаванд.
© telegram Sputnik_TajikistanЛоғару лангу бедандон ҷоиз нест: Кадом ҳайвонро қурбонӣ кардан мумкин аст?
Лоғару лангу бедандон ҷоиз нест: Кадом ҳайвонро қурбонӣ кардан мумкин аст? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2026
Лоғару лангу бедандон ҷоиз нест: Кадом ҳайвонро қурбонӣ кардан мумкин аст?
Як чорвои калони шохдор ва як шутурро метавонанд то ҳафт нафар қурбоникунандагон шарик шуда, бо маслиҳат қурбонӣ намоянд.
Чорвое, ки як чашмаш кӯр, ланг ва ё аксари дандонҳояш рехташуда, бегӯш, бечашм, бедум, лоғар, бемор ё ниҳоят бемадор мебошад, қурбонӣ кардан дуруст нест.
Верующие в соборной мечети Пятигорска во время намаза в праздник Курбан-Байрам. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2026
Санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд
Дар ҳудуди масҷид ё дар макони махсус барои забҳи чорво аввал мулло ва ё имомхатиб хутба мехонад. Гӯшти барраи қурбонӣ ба оилаҳои ниёзманд тақсим карда мешавад, аммо пӯсти ҳайвон набояд партофта шавад.
Шутур ва чорвои калони шохдор барои ҳафт нафар қурбонӣ мешавад ва чорвои хурд танҳо барои як кас забҳ карда мешавад
Лентаи хабарҳо
0