Мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА як зина боло рафт

© Foto / Федерация футбола ТаджикистанаСборная Таджикистана по футболу
Сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Обуна шудан
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА мавқеи худро боло бурда, ҳоло дар ҷои 100-ум қарор дорад
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон дар ин феҳрист як мавқеъ боло рафтааст. Пештар ҷумҳурӣ дар мақоми 101 қарор дошт, вале ҳоло дар ҷои 100-ум мебошад.
Тибқи ҳисобҳои ФИФА мунтахаби Тоҷикистон 1224,93 хол гирифтааст.
Миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёӣ дастаи Тоҷикистон дар ҷои 17-юм аст.
Ҳамзамон мнтахаби Тоҷикистон миёни дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷой дувум қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, Узбакистон дар миёни кишварҳои минтақа дар ҷои 52-ум дар ҷаҳон, Қирғизистон дар ҷойи 103, Қазоқистон 114 ва Туркманистон дар ҷойи 137-ум пешсафанд.
Футбол. Товарищеский матч. Таджикистан - Россия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2026
Мунтахабҳои футболи Тоҷикистону Русия бозии дӯстона баргузор мекунанд?
Ба сегонаи беҳтарин Испания, Аргентина ва Фаронса дохил шуданд. Дастаи Русия мақоми 36-умро ишғол кардааст.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин нишондиҳандаи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА дар соли 2024 буд, ки дар зинаи 99-ум қарор гирифта буд. Дастаи мунтахаби кишвар пас аз баромади муваффақ дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар тавонист ба чунин натиҷа ноил шавад.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 инҷониб тартиб дода мешавад. Қаблан беҳтарин мақоми Тоҷикистон дар ин раддабандӣ зинаи 99-ум ва поинтаринмақоми мунтахаби кишвар 180-ум буд.
Лентаи хабарҳо
0