Тоҷикистону Узбекистон алоқаи мобилиро дар минтақаҳои назди марзӣ беҳтар мекунанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкРабочие монтируют базовую станцию сотовой связи.
Рабочие монтируют базовую станцию сотовой связи.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2026
Обуна шудан
Ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон барои танзими сигналҳои мобилӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тақвият меёбанд
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Барои беҳтар кардани сигналҳои алоқаи мобилӣ дар минтақаҳои назди марзӣ аз ҷумла дар шаҳрҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор мутахассисони бахши алоқаи Узбекистон ба Тоҷикистон омаданд.
Дар ин бора Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин Хадамот мутахассисони мутахассисони “Маркази мутобиқати электромагнитӣ”-и Узбекистон бо даъвати Хадамоти алоқаи ба Тоҷикистон омада ҳамроҳ бо мутахассисони тоҷик корҳои муштараки техникӣ анҷом доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи асосии ин ҳамкориҳо таъмини мутобиқати электромагнитӣ ва танзими сатҳҳои тақвияти сигналҳои мобилӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон мебошад.
Қайд карда шудааст, ки дар доираи корҳои муштарак мутахассисони ду кишвар назорати спектри басомади радио дар банди 2300 МГц-ро анҷом дода, манбаъҳои сигналҳои мобилиеро, ки дар минтақаҳои ҳамсарҳад ба ҳам ворид мешаванд, муайян ва чен карданд.
“Ин гуна андозагириҳо имконият медиҳанд, ки сатҳи таъсири сигналҳои мобилии кишварҳои ҳамсоя дақиқ муайян гардида, барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои мобилӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд”, - таъкид кардааст Хадамот.
Здание Службы связи в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2026
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро муҷозот кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ҳамоҳангсозии доимии параметрҳои шабакаҳои мобилӣ миёни ду кишвар метавонад ба коҳиш ёфтани халалдоршавии сигналҳо ва беҳтар гардидани сифати алоқа дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусоидат намояд.
Ҳар ду тараф параметрҳои техникии шабакаҳои мобилиро мувофиқа намуда, инчунин роҳҳои ҳалли муштарак барои коҳиш додани дахолати сигналҳои мобилӣ таҳия намуданд.
Қайд карда шудааст, ки ин тадбирҳо пеш аз ҳама ба беҳтар шудани сифати алоқа дар шаҳрҳои Турсунзода, Шаҳринав ва Ҳисор равона шудаанд.
Хадамот зикр кардааст, ки чунин чорабиниҳои муштараки техникӣ на танҳо барои таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои мобилӣ, балки барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ низ аҳамияти муҳим доранд.
Лентаи хабарҳо
0