https://sputnik.tj/20260522/istiqlol-regar-tadaz-dastai-tojikiston-superjom-raqobat-1077750722.html
“Истиқлол” ё "Регар-ТадАЗ": Ду дастаи қавии Тоҷикистон барои суперҷом рақобат мекунанд
“Истиқлол” ё "Регар-ТадАЗ": Ду дастаи қавии Тоҷикистон барои суперҷом рақобат мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Ҳисор дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода барои суперҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд
2026-05-22T19:18+0500
2026-05-22T19:18+0500
2026-05-22T19:18+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
суперҷом
тими "истиқлол"
регар-тадаз
футбол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/16/1077751613_90:142:1204:769_1920x0_80_0_0_9433b49eba45425ea0949e4d090a8a78.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 рӯзи шанбеи 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода баргузор мегардад.Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ барои суперҷом дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол сурат мегирад.Манбаъ қайд кардааст, ки нархи билет барои ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳ 10 сомонӣ мебошад ва оғози бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.Ин бозиро Бахтиёр Комилов ҳакамӣ мекунад. Ба ӯ Сорбон Аҳмадзода ва Тоҳири Баҳром кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Амирҷон Хоркашев ба ҷо меорад.Бояд зикр намуд, бори чаҳорум аст, ки дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол” пирӯз шуда буд. Истиқлол дар соли 2011, 2012 ва соли 2025 ғолиб омада буд.Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори ҳабдаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст."Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 15 маротиба ширкат варзидааст, 13 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2024, 2025) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.“Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/54319
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/16/1077751613_194:104:1078:767_1920x0_80_0_0_4746a40b3e20c10160fb5a3e6e58c6fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, суперҷом, тими "истиқлол", регар-тадаз, футбол
дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, суперҷом, тими "истиқлол", регар-тадаз, футбол
“Истиқлол” ё "Регар-ТадАЗ": Ду дастаи қавии Тоҷикистон барои суперҷом рақобат мекунанд
Дар шаҳри Ҳисор дар остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода барои суперҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2026 рӯзи шанбеи 23-юми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор байни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми миллӣ – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода баргузор мегардад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон бозӣ барои суперҷом дар Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва остонаи Рӯзи ҷаҳонии футбол сурат мегирад.
Манбаъ қайд кардааст, ки нархи билет барои ҳамаи нишастгоҳҳои варзишгоҳ 10 сомонӣ мебошад ва оғози бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.
Ин бозиро Бахтиёр Комилов ҳакамӣ мекунад. Ба ӯ Сорбон Аҳмадзода ва Тоҳири Баҳром кӯмак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро Амирҷон Хоркашев ба ҷо меорад.
Бояд зикр намуд, бори чаҳорум аст, ки дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” барои Суперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон бо ҳам рақобат мекунанд.
Дар се бозии пешин дастаи “Истиқлол” пирӯз шуда буд. Истиқлол дар соли 2011, 2012 ва соли 2025 ғолиб омада буд.
Суперҷоми Тоҷикистон сар аз соли 2010 бори ҳабдаҳум барпо мегардад. Дар ин муддат ҳамагӣ ҳафт даста барои Ҷоми олӣ талош карда, се даста муваффақ шудааст.
"Истиқлол", ки дар ин бозиҳо 15 маротиба ширкат варзидааст, 13 бор (2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019, 2020, 2021, 2022, 2024, 2025) барандаи Ҷоми олӣ гардидааст.
“Равшан”-и Кӯлоб ду бор (2013, 2023) ва “Ҳосилот”-и Фархор як маротиба (2017) Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардаанд.