Муҳриддин: Ғамхорӣ нисбати об - ғамхорӣ баҳри ояндаи муштараки мост

© Foto / Пресс-служба МИД ТаджикистанаМинистр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2026
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Тоҷикистон бори дигар аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон, даъват кард, ки дар Конфронси оби Душанбе иштирок намоянд
ДУШАНБЕ, 21мая - Sputnik. Дар пешорӯи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028" вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо паёме ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд.
Дар паёмаш вазири хориҷа ба аҳамияти об ҳамчун асоси ҳаёт, рушди устувор, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ, энергетика ва шукуфоии иқтисодӣ таъкид намуд.
Ҳамзамон вай ба зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар шароити афзоиши таҳдидҳои вобаста ба об, тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо ишора кард.
"Ғамхорӣ нисбати об - ғамхорӣ баҳри ояндаи муштараки мост", - таъкид кард Сироҷиддин Муҳриддин дар паёми худ.
Вазири корҳои хориҷӣ аз ҳукуматҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ, ҷавонон, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бори дигар даъват кард, ки рӯзҳои 25–28 майи соли 2026 дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе иштирок намоянд.
Муовини вазир-роҳбари Котиботи Конфронс Саноӣ Бойзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Иштироки зиёда аз 110 ҳайати расмии кишварҳои узви СММ конфронси оби Душанбе
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Cаноӣ Бойзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки зиёда аз 110 ҳайати расмӣ аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ ва дигар ҷонибҳои даъватшуда иштирокашонро дар Конфронси байналмилалии оби Душанбе, тасдиқ намуданд.
Бояд гуфт, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028" аз 25 то 28 май дар Душанбе баргузор мегардад.
Қайд карда шуд, ки конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об, муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об хизмат менамояд.
Ҳамзамон он ба муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус Ҳадафи 6-ум, инчунин таҳияи роҳҳои ҳалли муштарак барои рафъи мушкилоти глобалии вобаста ба об мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0