Иштироки зиёда аз 110 ҳайати расмии кишварҳои узви СММ конфронси оби Душанбе

© Вазорати умури хориҷаи ТоҷикистонМуовини вазир-роҳбари Котиботи Конфронс Саноӣ Бойзода
Муовини вазир-роҳбари Котиботи Конфронс Саноӣ Бойзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Душанбе омодаи қабули беш аз 110 ҳайати расмӣ аз кишварҳои мухталифи дунё аст, ки дар Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе иштирок хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Cаноӣ Бойзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки то имрӯз зиёда аз 110 ҳайати расмӣ аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, институтҳои молиявӣ ва дигар ҷонибҳои даъватшуда иштирокашонро дар Конфронси байналмилалии оби Душанбе, тасдиқ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор, 2018–2028" аз 25 то 28 май дар Душанбе баргузор мегардад.
Дар нишаст қайд карда шуд, ки шумори сабтшудагон аз таваҷҷуҳи васеи байналмилалӣ ба Конфронси оби Душанберо нишон медиҳад.
Қайд карда шуд, ки конфронси мазкур ҳамчун платформаи муҳими байналмилалӣ барои таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар самти мудирияти устувори захираҳои об, муқовимат ба таъсири тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва пешбурди дипломатияи об хизмат менамояд.
Ҳамзамон он ба муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, бахусус Ҳадафи 6-ум, инчунин таҳияи роҳҳои ҳалли муштарак барои рафъи мушкилоти глобалии вобаста ба об мусоидат мекунад.
Брифинги ВУХ оид ба рафти омодагӣ ба Конфронси сеюми оби Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2024
Тоҷикистон ҳамаи кишварҳои узви СММ-ро барои иштирок дар конфронси об даъват кард
Зикр гардидааст, ки Конфронси Душанбе ҳамчун яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026, ки бо ҳамраисии Сенегал ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мегардад, хизмат хоҳад кард.
Ҳамзамон сегменти дуюми мавзуии конфронс ба машваратҳои аввалини ғайрирасмии Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2028 бахшида шуда, сегменти сеюм ба мубодилаи аввалини ғайрирасмии мулоҳизаҳо оид ба нақши об дар Рӯзномаи рушди баъд аз соли 2030 бахшида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0