Камшавии аҳолӣ дар Душанбе ва вилояти Суғд

© Sputnik / Амир ИсаевДевушки таджички на отдыхе в парке, архивное фото
Девушки таджички на отдыхе в парке, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2026
Обуна шудан
Агнетии омори Тоҷикистон аз афзоиши ками аҳолӣ дар чор моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Бо назардошти шумораи таваллудшудагон, фавтидагон ва муҳоҷирати аҳолӣ, шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1-уми апрели соли 2026 ба 10 миллиону 767,9 ҳазор нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 2% зиёд гардидааст.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии омори кишвар хабар додааст.
Ба иттилои Агентӣ афзоиши аҳолӣ дар кишвар асосан аз ҳисоби афзоиши табиии аҳолӣ, яъне зиёд будани шумораи таваллуд нисбат ба фавт таъмин гардида, инчунин равандҳои муҳоҷират низ ба тағйирёбии шумораи аҳолӣ таъсир расонидаанд.
Бештари аҳолии Тоҷикистон ба иттилои Агентӣ дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, шумораи аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба 3 миллиону 898,9 ҳазор нафар расида, ҳиссаи аз ҳама баландтаринро дар ҷумҳурӣ ташкил медиҳад.
Дар вилояти Суғд - 3 миллиону 25,1 ҳазор нафар;
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 2 миллиону 310,8 ҳазор нафар;
Дар Душанбе -1 миллиону 296,5 ҳазор нафар
ВМКБ - 236,6 ҳазор нафар.
Ҳиссаи аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз 36,1% соли 2025 то 36,2% дар соли 2026 афзоиш ёфтааст.
Молодежь танцует на празднике.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Зулфия Абдусаматзода: Тақрибан 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ҳиссаи аҳолӣ аз 21,4 то 21,5% зиёд гардидааст.
Дар баробари ин, дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе камшавии ночизи ҳиссаи аҳолӣ ба назар мерасад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки тамоюли мусбати афзоиши аҳолӣ нишонаи беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва демографӣ буда, барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.
Лентаи хабарҳо
0