Зулфия Абдусаматзода: Тақрибан 70% аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд

© Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ТоҷикистонЗулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Зулфия Абдусаматзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, ки вазъи демографии Тоҷикистон бо афзоиши устувори аҳолӣ тавсиф мешавад
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода дар конференсияи минтақавӣ дар бораи устувории демографӣ, ки дар шаҳри Скопеи Македонияи Шимолӣ сурат гирифт гуфт, ки Тоҷикистон кишвари ҷавон ва босуръат рушдкунанда аст.
“Дар ҳоле, ки бисёр кишварҳо бо пиршавии аҳолӣ ва коҳиши қувваи корӣ рубарӯ ҳастанд, Тоҷикистон кишвари ҷавон ва босуръат рушдкунанда аст”, гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аҳолӣ қариб ду баробар афзуда, ҳоло ба зиёда аз 10,7 миллион нафар расидааст.
“Тақрибан 70 фоизи аҳолӣ то 35-сола мебошанд”-иброз дошт муовини вазир.
Зулфия Абдусаматзода, ҳамчунин илова кард, ки вазъи демографии Тоҷикистон бо афзоиши устувори аҳолӣ, шумораи зиёди ҷавонон ва тамоюлҳои мусбат дар нишондиҳандаҳои асосии иҷтимоӣ ва тандурустӣ тавсиф мешавад.
Вид на Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.11.2024
Аҳолӣ зиёд шуд: шаҳри Душанбе васеътар мешавад
“Дар маҷмӯъ, ин омилҳо барои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар имкониятҳои назаррас фароҳам меоранд ва ҳамзамон аз ҷониби давлат равиши системавӣ ва стратегиро талаб мекунанд”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар конференсияи мазкур намояндагони 25 давлати дунё иштирок доштанд.
Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон дар соли 2025 шумораи аҳолии Тоҷикистон 2% фоиз афзоиш ёфта, ба 10 миллиону 720,8 ҳазор нафар расидааст.
Дар соли гузашта ба иттилои манбаъ, зиёдшавии таваллуд ба ғайр аз ВМКБ дар ҳамаи минтақаҳо мушоҳида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0