https://sputnik.tj/20260520/safari-putin-pekin-izhorot-sozishnoma-asosi-1077699581.html
Сафари Путин ба Пекин: Изҳорот ва созишномаҳои асосӣ
Сафари Путин ба Пекин: Изҳорот ва созишномаҳои асосӣ
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки Аҳдномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Чин асоси рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошад
2026-05-20T18:41+0500
2026-05-20T18:41+0500
2026-05-20T18:41+0500
русия
чин
ҳамкорӣ
равобит
сиёсат
иқтисод
владимир путин
си ҷинпин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077685102_0:0:2380:1339_1920x0_80_0_0_06849f263b9bfc80a1e31eb786ddd3f0.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин барои музокирот бо раҳабари Чин Си Ҷинпин ба Пекин омад.Раҳбари Русия хотиррасон кард, ки тиҷорат байни ду кишвар дар 25 соли охир 30 маротиба афзоиш ёфта, ба 200 миллиард доллар расидааст."Имрӯз муносибатҳои мо ба сатҳи бесобиқа расидаанд, ки намунаи шарикии ҳамаҷонибаи воқеӣ ва ҳамкории стратегӣ мебошад", - гуфт Путин.Раҳбари давлат изҳор дошт, ки Аҳдномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Чин асоси рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошад.Вай инчунин қайд кард, ки Маскав ва Пекин барои эҷоди як низоми ҷаҳонии одилона ва демократӣ талош мекунанд ва муносибатҳои Русия ва Чин, ба гуфтаи ӯ, яке аз омилҳои калидии устувор кардани муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд.Президенти Русия афзуд, ки кишварҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва кишоварзӣ идома медиҳанд ва режими бераводидро тамдид мекунанд."Сохтмони агрегатҳои энергетикии тарҳрезишудаи Русия дар нерӯгоҳи барқи атомии Тянван ва нерӯгоҳи барқи атомии Сюдапу дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Ба кор андохтани онҳо саҳми назаррас дар таъмини энержӣ ба иқтисоди Чин хоҳад буд. Ҳамчунин ин сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба таъмини корхонаҳо ва хонаводаҳои Чин мусоидат хоҳад кард", - қайд кард Путин.Ғайр аз ин, ӯ аз раисҷумҳури Чин даъват кард, ки дар соли 2027 ба Русия сафар кунад ва барои иштирок дар нишасти Ҳамкории Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) дар Шенҷен, ки тирамоҳ баргузор мешавад, изҳори омодагӣ кард.Ҳамзамон, Си Ҷинпин таъкид кард, ки Маскав ва Пекин самтҳои ҳамкорӣ, ки ҳоло ба сатҳи баланд, бар пояи эҳтиром ва эътимоди сиёсӣ расидааст, якҷоя муайян мекунанд.Вай афзуд, ки вазъияти кунунии байналмилалӣ бо гегемония ва тақсимот тавсиф мешавад ва Русия ва Чин ҳамчун қудратҳои муҳими ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯрои Амнияти СММ бояд низоми одилонаи идоракунии ҷаҳониро бунёд кунанд.Дар ҷараёни музокирот ду раҳбар ҳуҷҷатҳои муштарак қабул карданд; тақрибан 40 созишнома ба имзо расид. Путин ва Си Ҷинпин чанд санадро шахсан имзо карданд, аз ҷумла изҳорот дар бораи тақвияти минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкории стратегӣ, инчунин эъломия дар бораи рушди ҷаҳони бисёрқутба ва навъи нави муносибатҳои байналмилалӣ.Ҳуҷҷатҳои дигар инчунин созишнома дар бораи сохтмони хатти дуюм дар қисмати фаромарзии
https://sputnik.tj/20260520/rusiya-mavqei-chin-nizo-ukraina-takid-1077684307.html
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077685102_220:0:2197:1483_1920x0_80_0_0_6aaad2273db618992f034e1803c6015d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, чин, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат , иқтисод, владимир путин, си ҷинпин
русия, чин, ҳамкорӣ, равобит, сиёсат , иқтисод, владимир путин, си ҷинпин
Сафари Путин ба Пекин: Изҳорот ва созишномаҳои асосӣ
Раисҷумҳури Русия изҳор дошт, ки Аҳдномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Чин асоси рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошад.
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин барои музокирот бо раҳабари Чин Си Ҷинпин ба Пекин омад.
Раҳбари Русия хотиррасон кард, ки тиҷорат байни ду кишвар дар 25 соли охир 30 маротиба афзоиш ёфта, ба 200 миллиард доллар расидааст.
"Имрӯз муносибатҳои мо ба сатҳи бесобиқа расидаанд, ки намунаи шарикии ҳамаҷонибаи воқеӣ ва ҳамкории стратегӣ мебошад", - гуфт Путин.
Раҳбари давлат изҳор дошт, ки Аҳдномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Чин асоси рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳаҳо мебошад.
Вай инчунин қайд кард, ки Маскав ва Пекин барои эҷоди як низоми ҷаҳонии одилона ва демократӣ талош мекунанд ва муносибатҳои Русия ва Чин, ба гуфтаи ӯ, яке аз омилҳои калидии устувор кардани муносибатҳои байналмилалӣ мебошанд.
Президенти Русия афзуд, ки кишварҳо ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва кишоварзӣ идома медиҳанд ва режими бераводидро тамдид мекунанд.
"Сохтмони агрегатҳои энергетикии тарҳрезишудаи Русия дар нерӯгоҳи барқи атомии Тянван ва нерӯгоҳи барқи атомии Сюдапу дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Ба кор андохтани онҳо саҳми назаррас дар таъмини энержӣ ба иқтисоди Чин хоҳад буд. Ҳамчунин ин сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба таъмини корхонаҳо ва хонаводаҳои Чин мусоидат хоҳад кард", - қайд кард Путин.
Ғайр аз ин, ӯ аз раисҷумҳури Чин даъват кард, ки дар соли 2027 ба Русия сафар кунад ва барои иштирок дар нишасти Ҳамкории Осиё ва Уқёнуси Ором (APEC) дар Шенҷен, ки тирамоҳ баргузор мешавад, изҳори омодагӣ кард.
Ҳамзамон, Си Ҷинпин таъкид кард, ки Маскав ва Пекин самтҳои ҳамкорӣ, ки ҳоло ба сатҳи баланд, бар пояи эҳтиром ва эътимоди сиёсӣ расидааст, якҷоя муайян мекунанд.
Вай афзуд, ки вазъияти кунунии байналмилалӣ бо гегемония ва тақсимот тавсиф мешавад ва Русия ва Чин ҳамчун қудратҳои муҳими ҷаҳонӣ ва аъзои Шӯрои Амнияти СММ бояд низоми одилонаи идоракунии ҷаҳониро бунёд кунанд.
Дар ҷараёни музокирот ду раҳбар ҳуҷҷатҳои муштарак қабул карданд; тақрибан 40 созишнома ба имзо расид. Путин ва Си Ҷинпин чанд санадро шахсан имзо карданд, аз ҷумла изҳорот дар бораи тақвияти минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкории стратегӣ, инчунин эъломия дар бораи рушди ҷаҳони бисёрқутба ва навъи нави муносибатҳои байналмилалӣ.
Ҳуҷҷатҳои дигар инчунин созишнома дар бораи сохтмони хатти дуюм дар қисмати фаромарзии