https://sputnik.tj/20260520/rusiya-mavqei-chin-nizo-ukraina-takid-1077684307.html
Русия аз мавқеи воқеъбинонаи Чин дар бораи низоъ дар Украина таъкид кард
Русия аз мавқеи воқеъбинонаи Чин дар бораи низоъ дар Украина таъкид кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар изҳороти муштараки Русия ва Чин гуфта шудааст, ки Маскав аз мавқеи воқеъбинонаи Пекин вобаста ба низоъ дар Украина қадрдонӣ мекунад
2026-05-20T13:22+0500
2026-05-20T13:22+0500
2026-05-20T13:22+0500
украина
амалиёти вижа
русия
чин
изҳорот
сиёсат
низоъ
ҳалли низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077684602_0:0:3530:1986_1920x0_80_0_0_ffc0b0f9f7815c21a45fc387aabbd7a8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мая - Sputnik. Русия аз мавқеи воқеъбинонаи Чин дар бораи низоъ дар Украина қадрдонӣ мекунад ва хоҳиши ин кишварро барои нақши созанда дар ҳалли ин низоъ истиқбол мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти муштараки Русия ва Чин.Изҳороти муштараки Русия ва Чин дар бораи тақвияти минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкории стратегӣ ва амиқсозии муносибатҳои некҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкорӣ дар вебсайти Кремл нашр шудааст."Ҷониби Русия мавқеи воқеъбинона ва беғаразонаи Чинро дар бораи вазъияти Украина мусбат арзёбӣ мекунад ва хоҳиши Чинро барои нақши созанда дар ҳалли бӯҳрони Украина тавассути воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истиқбол мекунад", - гуфт а шудааст дар изҳорот.Ҳамчунин дар ин санад қайд карда шудааст, ки Русия ва Чин аз ҳама талошҳо барои барқарор кардани сулҳи устувор дар Украина пуштибонӣ мекунанд."Ҷонибҳо аз ҳама талошҳо барои барқарор кардани сулҳи дарозмуддат ва устувор пуштибонӣ мекунанд ва инчунин аз идомаи ҷустуҷӯи роҳи ҳал тавассути муколама ва гуфтушунидро ҷонибдорӣ мекунанд", - гуфта мешавад дар санад.Таъкид шудааст, ки Русия ва Чин ба зарурати ҳалли пурраи сабабҳои аслии бӯҳрони Украина бар асоси риояи принсипҳои Оинномаи СММ боварӣ доранд."Ҷонибҳо ба зарурати ҳалли сабабҳои аслии бӯҳрони Украина бар асоси риояи пурраи принсипҳои Оинномаи СММ дар маҷмӯъ, ҳамаҷониба ва робитаҳои мутақобила барои таъмини амнияти мутақобила ва гузоштани замина барои сулҳи устувор боварӣ доранд", гуфта мешавад дар санади нашршуда.Президенти Русия Владимир Путин 19 май барои сафари расмӣ ба Чин сафар кард. Рӯзи чоршанбе президенти Русия ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар Пекин музокирот анҷом карданд.
https://sputnik.tj/20260519/lavrov-mone-khotima-yoftan-nizo-ukraina-1077656064.html
украина
русия
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077684602_92:0:2823:2048_1920x0_80_0_0_587510e0ec5e95e1a98dc6aaa51f05fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, русия, чин, изҳорот, сиёсат , низоъ, ҳалли низоъ
украина, амалиёти вижа, русия, чин, изҳорот, сиёсат , низоъ, ҳалли низоъ
Русия аз мавқеи воқеъбинонаи Чин дар бораи низоъ дар Украина таъкид кард
Дар изҳороти муштараки Русия ва Чин гуфта шудааст, ки Маскав аз мавқеи воқеъбинонаи Пекин вобаста ба низоъ дар Украина қадрдонӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 20 мая - Sputnik. Русия аз мавқеи воқеъбинонаи Чин дар бораи низоъ дар Украина қадрдонӣ мекунад ва хоҳиши ин кишварро барои нақши созанда дар ҳалли ин низоъ истиқбол мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти муштараки Русия ва Чин.
Изҳороти муштараки Русия ва Чин дар бораи тақвияти минбаъдаи шарикии ҳамаҷониба ва ҳамкории стратегӣ ва амиқсозии муносибатҳои некҳамсоягӣ, дӯстона ва ҳамкорӣ дар вебсайти Кремл нашр шудааст.
"Ҷониби Русия мавқеи воқеъбинона ва беғаразонаи Чинро дар бораи вазъияти Украина мусбат арзёбӣ мекунад ва хоҳиши Чинро барои нақши созанда дар ҳалли бӯҳрони Украина тавассути воситаҳои сиёсӣ ва дипломатӣ истиқбол мекунад", - гуфт а шудааст дар изҳорот.
Ҳамчунин дар ин санад қайд карда шудааст, ки Русия ва Чин аз ҳама талошҳо барои барқарор кардани сулҳи устувор дар Украина пуштибонӣ мекунанд.
"Ҷонибҳо аз ҳама талошҳо барои барқарор кардани сулҳи дарозмуддат ва устувор пуштибонӣ мекунанд ва инчунин аз идомаи ҷустуҷӯи роҳи ҳал тавассути муколама ва гуфтушунидро ҷонибдорӣ мекунанд", - гуфта мешавад дар санад.
Таъкид шудааст, ки Русия ва Чин ба зарурати ҳалли пурраи сабабҳои аслии бӯҳрони Украина бар асоси риояи принсипҳои Оинномаи СММ боварӣ доранд.
"Ҷонибҳо ба зарурати ҳалли сабабҳои аслии бӯҳрони Украина бар асоси риояи пурраи принсипҳои Оинномаи СММ дар маҷмӯъ, ҳамаҷониба ва робитаҳои мутақобила барои таъмини амнияти мутақобила ва гузоштани замина барои сулҳи устувор боварӣ доранд", гуфта мешавад дар санади нашршуда.
Президенти Русия Владимир Путин 19 май барои сафари расмӣ ба Чин сафар кард. Рӯзи чоршанбе президенти Русия ва раҳбари Чин Си Ҷинпин дар Пекин музокирот анҷом карданд.