https://sputnik.tj/20260520/kreml-zelenskiy-monea-asosi-rohi-halli-nizo-ukraina-1077685392.html
Кремл: Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли низоъ дар Украина аст
Кремл: Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли низоъ дар Украина аст
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки Владимир Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли низои Украина мебошад
2026-05-20T15:22+0500
2026-05-20T15:22+0500
2026-05-20T15:22+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
русия
дмитрий песков
монеа
ҳалли низоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077686167_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_96d745bb254e248d02771fcb07461be7.jpg
ДУШАНБЕ, 20 мая - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт кӣ намехоҳад низоъ дар Украина ба поён бирасад.Ба гуфтаи вай, Владимир Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли осоиштаи низои Украина аст."Дар ҳақиқат, ин (изҳороти ҷангҷӯёнаи Киев) бори дигар таъкид ва исбот мекунад, ки монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли осоишта дар Укриана кист: Зеленский ва режими ӯ", - гуфт Песков.Оқои Песков ба хабарнигорон гуфт, ки Маскав ҳалли осоиштаро нисбат ба низоъ дар Украина авлотар медонад ва барои он боз боқӣ мемонад."Маскав барои ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина боз аст. Ин афзалияти мост", - таъкид кард Дмитрий Песков.Песков инчунин дар бораи зарбаҳои паҳподии Украина тавассуити кишварҳои НАТО-ро низ шарҳ дод.“Мушкили вуруди ҳавопаймоҳои бесарнишин аз кишварҳои Балтика ба қаламрави Русия вуҷуд дорад ва артиши Русия вокуниши заруриро омода мекунад”, гуфт Песков.Вай таъкид кард, ки ин мушкилот вуҷуд дорад ва хадамоти дахлдори Русия, пеш аз ҳама низомиён дар ин ҳолат, вазъиятро бодиққат назорат мекунанд.Рӯзи сешанбе Хадамоти иктишофии хориҷии Русия хабар дод, ки фармондеҳии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои анҷом додани як қатор ҳамлаҳои нави террористӣ ба минтақаҳои Русия омодагӣ мебинад. Украина нақша дорад, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро аз кишварҳои Балтика ба самти Русия партоб намояд.
https://sputnik.tj/20260519/lavrov-mone-khotima-yoftan-nizo-ukraina-1077656064.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/14/1077686167_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_b8e1d5b7da81a3d006d05a1776ea12e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, русия, дмитрий песков, монеа, ҳалли низоъ
украина, амалиёти вижа, русия, дмитрий песков, монеа, ҳалли низоъ
Кремл: Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли низоъ дар Украина аст
Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран гуфт, ки Владимир Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли низои Украина мебошад
ДУШАНБЕ, 20 мая - Sputnik. Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия гуфт кӣ намехоҳад низоъ дар Украина ба поён бирасад.
Ба гуфтаи вай, Владимир Зеленский монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли осоиштаи низои Украина аст.
"Дар ҳақиқат, ин (изҳороти ҷангҷӯёнаи Киев) бори дигар таъкид ва исбот мекунад, ки монеаи асосӣ дар роҳи ҳалли осоишта дар Укриана кист: Зеленский ва режими ӯ", - гуфт Песков.
Оқои Песков ба хабарнигорон гуфт, ки Маскав ҳалли осоиштаро нисбат ба низоъ дар Украина авлотар медонад ва барои он боз боқӣ мемонад.
"Маскав барои ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина боз аст. Ин афзалияти мост", - таъкид кард Дмитрий Песков.
Песков инчунин дар бораи зарбаҳои паҳподии Украина тавассуити кишварҳои НАТО-ро низ шарҳ дод.
“Мушкили вуруди ҳавопаймоҳои бесарнишин аз кишварҳои Балтика ба қаламрави Русия вуҷуд дорад ва артиши Русия вокуниши заруриро омода мекунад”, гуфт Песков.
Вай таъкид кард, ки ин мушкилот вуҷуд дорад ва хадамоти дахлдори Русия, пеш аз ҳама низомиён дар ин ҳолат, вазъиятро бодиққат назорат мекунанд.
Рӯзи сешанбе Хадамоти иктишофии хориҷии Русия хабар дод, ки фармондеҳии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина барои анҷом додани як қатор ҳамлаҳои нави террористӣ ба минтақаҳои Русия омодагӣ мебинад. Украина нақша дорад, ки ҳавопаймоҳои бесарнишинро аз кишварҳои Балтика ба самти Русия партоб намояд.