БМТ: меъёри андоз кам мешаваду ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад

© Sputnik / Рамиль СитдиковДевушка расплачивается картой международной платежной системы UnionPay. Иллюстративное фото
Девушка расплачивается картой международной платежной системы UnionPay. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2026
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ки лоиҳаи нави озмоишӣ ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ, ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад
ДУШАНБЕ, 20 мая - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон "Тартиби амалисозии реҷаи махсуси танзимӣ оид ба лоиҳаи озмоишӣ дар самти андозбандии соҳибкорони инфиродӣ"-ро ба хотири пешгирии гуногунфаҳмиҳо байни аҳолӣ ва соҳибкорон шарҳ додааст.
Ба иттилои Бонки танзимгар лоиҳаи нави озмоишӣ ба амалиётҳои интиқоли маблағ байни шахсони воқеӣ (аз ҷумла байни аъзои оила, хешу табор ва дигар шаҳрвандон), ки хусусияти тиҷоратӣ надоранд, дахл надорад ва чунин амалиётҳо андозбандӣ карда намешаванд.
“Ҳадафи асосии лоиҳаи озмоишӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, содагардонии равандҳои андозбандӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ мебошад”, - қайд кардааст БМТ.
Ҳамчунин Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки дар доираи лоиҳаи мазкур меъёри андоз барои соҳибкорони инфиродӣ аз 6 фоиз то 3 фоиз паст карда шуда, ҳисобкунии андоз ба таври худкор сурат мегирад.
“Бо мақсади ҳавасмандгардонии истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ, қисми муайяни ин меъёр, яъне 1 фоиз, ба харидор (пардохткунанда) баргардонида мешавад (кешбэк)”, - зикр кардааст БМТ.
Бонки танзимгар инчунин таъкид кардааст, ки истифодаи ҳамёнҳои электронӣ, кортҳои бонкӣ ва дигар воситаҳои муосири пардохт бехатар буда, ҳифзи сирри бонкӣ пурра таъмин карда мешавад.
Вклады и инвестиции  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2025
Таҳримҳои ИА, тиҷорат бо Русия ва қурби асъор: Пешгӯии БМТ барои соли 2026
Бонк аз шаҳрвандон ва соҳибкорон хоҳиш кардааст, ки ба маълумоти тасдиқнашуда бовар накунанд ва танҳо ба иттилооти расмии мақомоти ваколатдор такя намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки минбаъд низ барои рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ ва таъмини суботи низоми бонкӣ тадбирҳои заруриро меандешад.
Лентаи хабарҳо
0